Ифшогариҳои "Диссернет" ва "дуздӣ"-и 40 олими тоҷик дар суҳбати президент бо зиёиён


Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқоти солонааш бо зиёиён аз асардуздии олимони тоҷик ва ифшо шудани 40 мавриди он тавассути пойгоҳи "Диссернет" танқид кард. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 18-уми март дар Кохи Борбад гуфт: "Маълум мешавад, баъзе аз унвонҷӯёни тоҷик роҳи осон ва камзаҳмати илмро пеш гирифта, аз рисолаҳои илмии олимони кишварҳои хориҷӣ васеъ истифода кардаанд."

Пойгоҳи интернетии "Диссернет", қароргоҳаш дар Маскав, соли 2018 бештар ба Тоҷикистон тамаркуз кард ва пушти ҳам дуздии даҳҳо "олим"-ро ифшо намуд.

Дар байни онҳо номи мансабдорони тоҷик, аз ҷумла Давлаталӣ Саид - муовини нахуствазир, Шоҳин Саидов - раиси Оҷонси назорат дар соҳаи маориф, Давлатшо Гулмаҳмадзода - раиси пешини Хатлон ва ҳоло муовини сарвазири Тоҷикистон ва дигарон низ ҳаст.

Бисёре аз муаллифон дар баробари иттиҳоми асардуздӣ сукутро пеша карданд, вале теъдоде гуфтанд, ки дар ҳаққи онҳо бӯҳтон задаанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот бо зиёиён сабаби пеш омадани чунин вазъро "қабл аз ҳама, камҳавсалагии роҳбари илмӣ, фориғболии унвонҷӯ ва рӯякӣ таълиф гардидани рисола" номид.

Ӯ аз ҳимояи рисолаҳои илмии мансабдороне, ки самти корашон аз соҳаи илм дур аст, изҳори нигаронӣ кард ва дастур дод, "чунин афрод аввал аз вазифаҳояшон озод карда шаванд ва сипас ба корҳои илмӣ машғул гарданд".

Ҳамчунин раиси ҷумҳур гуфт, ки минбаъд аъзои ҳукумат, муовинони онҳо, вакилони мардумӣ, дигар шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ баъди дар асоси хулосаи муассисаи илмӣ навиштани ариза ба унвони роҳбари давлат ба навиштани рисолаи илмӣ ва ҳимоя иҷозат дода мешаванд.

Ин дар ҳолест, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон мегӯянд, бо вуҷуди ошкор шудани асардуздии баъзе аз мансабдорон ва олимон онҳо натанҳо барои чунин рафторашон ҷавобгӯ нашуданд, балки ба зинаҳои болотари мансаб роҳ ёфтанд.

Ҳоло танқидҳои раиси ҷумҳур низ чанд суолро пеш овардааст, ки ӯ ҳамин ҳоло аз ин вазъият огоҳ шуд? Ё агар ду сол боз аз он хабардор буд, чаро дар баробари зертобеонаш, ки ба асардуздӣ муттаҳам шудаанд, коре накард?

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон