Сухангӯи Туск: Дар мулоқот бо Раҳмон масоили ҳуқуқи башар ҳам матраҳ мешавад

Сухангӯи Туск: Дар мулоқот бо Раҳмон масоили ҳуқуқи башар ҳам матраҳ мешавад

 Президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск дар мулоқот бо раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе дар баробари масоили мисли стратегияи нави ИА барои ОМ, мудирияти марзҳо, масоили оби минтақа, дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва масоили минтақавӣ инчунин дар робита бо мушкилот дар бахши ҳуқуқи башар сӯҳбат хоҳад кард. Дар ин бора рӯзи 30 май дар як посухи катбӣ ба Радиои Озодӣ сухангӯи Туск – Пребен Ааман хабар дод. “Дар робита бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, - ба гуфтаи Ааман, - Иттиҳодияи Аврупо дар чаҳорчӯби муколамаҳои ҳуқуқи башар бо Тоҷикистон амал мекунад, ки аз ҷумла, бархе парвандаҳои инфиродиро низ дар бар мегирад”.

Ба гуфтаи ин мақоми ИА, худи сафари Туск ба стратегияи нави Осиёи Марказӣ “аломати рӯшани аҳамияти афзояндаи ин минтақа дар чашми ИА мебошад”, гуфт сухангӯи раҳбари ИА.

Раҳбари аршади Иттиҳодияи Аврупо бо нахустин сафари расмӣ шоми 29 май вориди Душанбе шуд ва қарор аст бо мақомоти Тоҷикистон стратегияи нави Иттиҳодияи Аврупо барои Осиёи Марказиро баррасӣ кунад. Бо ин ҳадаф шоми 30 май дидору гуфтугӯи Доналд Туск бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар назар гирифта шудааст.

Стратегияин нави ИА, ки барои ҳафт соли оянда пешбинӣ шудааст, бо ҳадафи кӯмак дар рушди кишварҳои минтақа, мубориза бо таҳдидҳои амниятии мисли терроризму экстремизм, муқобила бо паёмадҳои тағйироти иқлим, ҳимоят аз ҳуқуқи башар ва волоияти қонун роҳандозӣ мешавад.

Тоҷикистон гуфтааст, ки дар доираи ин барнома мехоҳад кӯмаки ИА-ро дар амри тақвияти соҳаи энергетикаи ин кишвар дарёфт кунад.

Боздиди президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск аз Тоҷикистон рӯзи 30 май аз сафар ба Бадахшон ва ошноӣ бо кӯли Сарез шурӯъ шуд.

Масъулини Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ва барномаи Фокус дар вилояти Бадахшон рӯзи 30 май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳайати аврупоӣ барои ошноӣ бо кӯли Сарез савори чархболҳо ба ин маҳал ҳозир шуда, “тахминан як соат дар ин ҷо буданд”. Дар ин сафар онҳоро раиси вилояти Бадахшон Ёдгор Файзов ҳамроҳӣ кардааст. “Онҳо якбора ба ноҳияи Рӯшон парвоз карда, аз он ҷо ба Сарез рафтанд. Меҳмонҳои аврупоӣ ба Хоруғ ташриф наоварданд”, гуфт як корманди барномаи Фокус дар Хоруғ.

Дар остонаи сафари Туск ба Тоҷикистон як мақоми ҳукуматӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, як ҳадафи сафари президенти Шӯрои Аврупо ба Тоҷикистон – ошноӣ бо вазъи пиряхҳои Помир ва вазъи кӯли Сарез аст. Ин манбаъ, ки нахост ном бурда шавад, ҳамчунин гуфт, "азбаски тағйирёбии иқлим дар сархати сиёсатҳои ҷаҳонии ИА аст, бо хоҳиши ҷониби аврупоӣ ҳайат аз вазъи пиряхҳои Тоҷикистон ва кӯлҳо дар баландкӯҳ дидан мекунад."

Кӯли Сарез дар натиҷаи заминларзаи соли 1911 ба миён омада, 17 километри мукааб об дорад. Сатҳи оби он сол ба сол боло меравад. Дар сурати рахна шудани кӯл ба гуфтаи мутахассисон мумкин аст, фалокати азиме ба вуҷуд биёяд, чун қаламравҳои васеъ на танҳо дар Тоҷикистон, балки кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ зери об мемонанд. Мақомоти Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо созмону кишварҳои хориҷӣ тадбирҳои ҷилавгирӣ аз рахнашавии кӯлро ба роҳ мондаанд. Доналд Туск нахустин дипломати баландпояи аврупоӣ аст, ки аз Тоҷикистон дидан мекунад ва аз ҳамин назар, ба қавли ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, "дорои аҳамияти сиёсист".

Барномаи сафари Туск инчунин ошноӣ бо бархе манотиқи дигари Тоҷикистонро ҳам дар назар мегирад ва бо мулоқоти шомгоҳӣ бо президент ва изҳороти матбуотӣ ба анҷом мерасад. Барномаи сафар мулоқот ва гуфтугӯҳо бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва саволу ҷавоб бо хабарнигорони Тоҷикистонро дар назар намегирад ва ин чиз мояи нороҳатии бархе фаъолони ҳуқуқи инсон дар кишвар шуд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон