Мақомоти тоҷик ба ҷамъоварии фитри рӯзаи мардум оғоз кардаанд

Мақомоти тоҷик ба ҷамъоварии фитри рӯзаи мардум оғоз кардаанд

 Масъулони ҷамоату маҳаллаҳо дар Тоҷикистон ба ҷамъоварии фитри рӯзаи мардум пардохтаанд. Онҳо мегӯянд, рӯйхати оилаҳои камбизоат ва маъюбону ятимонро дар даст доранд ва фитри рӯзаро маҳз ба шахсони ниёзманд мерасонанд.

Шӯрои уламои Маркази исломӣ, собиқ қозиёти Тоҷикистон, андозаи фитри рӯзаро дар соли 2019 барои як нафар панҷ сомонӣ (барои афроди доро 48 сомонӣ) муқаррар кардааст. То кунун ба гуфтаи мақомот, фитри рӯза ба шахсони воқеан ниёзманд намерасид ва бештари намозгузорон ин садақаро ба рӯҳониён ҳадя мекарданд.

Вале сокинон мегӯянд, пардохт кардан ё накардан ва ба кӣ додани садақаи фитр ба ихтиёри онҳост ва набояд масъулони ҷамоатҳо ба ин кор дахолат кунанд.

Баҳром Миров, сухангӯи ҳукумати вилояти Хатлон, рӯзи 27-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, айни замон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят "нақшаи чорабиниҳо барои кумак ба хонаводаҳои камбизоат тартиб дода шуда, ҷамъоварии фитри рӯза оғоз гардидааст."

Миров гуфт, пас аз анҷоми моҳи Рамазон дар бораи ба чӣ қадар оилаҳои камбизоат расидани кумакҳо иттилоъ хоҳанд дод.

Ибодулло Неъматзода, раиси ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Восеъ, ба Радиои Озодӣ гуфт, "дар ҷамоат 200 хонаводаи камбизоат ва як ятими кул рӯйхат шудаанд, ки садақаи фитри мардум ба онҳо тақсим карда мешавад".

Неъматзода гуфт, имомхатибони масҷидҳо ва раисони маҳалла масъули ҷамъоварии фитри рӯза ҳастанд ва сокинон “ихтиёран маблағи фитри рӯзаро оварда ба онҳо месупоранд”.

Раиси ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Восеъ гуфт, фитри рӯзаи мардум дар идораи ҷамоат ҷамъ мешавад ва баъдан масъулон онро ба хонаводаҳои фақир тақсим мекунанд.

Зимнан ҷамъоварии маблағи фитри рӯза натанҳо дар вилояти Хатлон, балки дар вилояти Суғду шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ низ идома дорад.

Чанде аз сокинон дар Душанбе мегӯянд, чанд рӯзи охир раисони маҳаллаҳо дари онҳоро барои супоридани фитри рӯза мекӯбанд. Самандар Ҳалимов, сокини шаҳри Душанбе, гуфт, рӯзи 27-уми май ҳангоми адои намоз шоҳид шуд, ки имоматиби масҷид аз намозгузорон хоҳиш кардааст, фитри рӯзаро ба раисони маҳалла супоранд. Ӯ гуфтааст, раисони маҳаллаҳо метавонанд садақаро ба ниёзмандон расонанд.

"Аммо ман садақаи фитрро ба раисони маҳалла супурданӣ нестам, чунки худам медонам кӣ ниёзманд, ҳаст ва кӣ не. Худам шахсан садақаи фитрро ба андозаи тавонам ба эҳтиёмандон бурда мерасонам, чаро як каси дигар дар ин ҷо бояд миёнарав шавад?" - суол гузошт ҳамсуҳбати мо.

Шумораи аҳолии Тоҷикистон айни замон ба 9,1 миллион мерасад. Аз ин шумора агар 8 миллион нафар 5 сомонӣ фитри рӯза диҳанд, ба ҳисоби тақрибӣ 40 миллион сомонӣ, муодили 4 миллион доллар мешавад.

Соли гузашта Кумитаи дини Тоҷикистон эълон карда буд, ки аз ҳисоби фитри рӯза дар қаламрави кишвар 42 миллион сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ шуда, ба ниёзмандон расонида шуд.

Фаридун Ҳодизода, таҳлилгари масоили динӣ мегӯяд, Тоҷикистон мувофиқи Конститутсия кишвари дунявӣ аст ва давлат набояд ба умури дин ва эътиқоди мардум дахолат кунад.

“Ман аслан ҷонибдори он нестам, ки ҳукумат ба ҷамъоварии маблағи фитри рӯза машғул шавад. Чунки ҳар нафар худаш тасмим мегирад, ки садақа кунад ё не ва агар ҳа ба кӣ онро бидиҳад. Масалан завҷаи ман хайрияи хонаводаи моро ба як хонаи ятимони шаҳри Душанбе супорид", -- афзуд ӯ.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Ҳодизода, агар солҳои пеш маблағҳои садақаи мардум бештар ба ҷайби рӯҳониён мерафту то ба ниёзмандон намерасид, ҳоло ҳукумат бояд ин иштибоҳро такрор накунад. Вай гуфт: "Ҷамъоварии пул, хусусан хайри мардум муҳосиботи ҷиддӣ ва шаффофиятро тақозо дорад. Чунки ин гуна ҷамъоварии маблағ барои коррупсия дар ҷамоатҳо роҳ мекушояд. Кӣ медонад, ки онҳо чанд пулро ба ниёзмандон дода ва чанди дигарро аз они худ намекунанд?"

Фаридун Ҳодизода афзуд, агар ҳадаф то ба ниёзмандони воқеӣ расидани маблағҳои хайрияи мардум бошад, беҳтар аст дар ҳар шаҳру ноҳия суратҳисоби махсус боз шавад ва мардум маблағҳои садақаи худро ба он гузоранд, то ҳар як сомонӣ пул зери назорат бошад ва пулҳо шаффофу ошкоро харҷ шаванд.

Фитри рӯза як навъ хайрест, ки хонаводаҳои рӯзадор ба сари ҳар нафар узви хонавода онро бояд бипардозанд. Мувофиқи таълимоти дини Ислом, бояд мардум фитри рӯзаи худро ба шахсони фақир ва мискин бидиҳанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон