Доналд Трамп: "Бо Русия ҳеч созиш вуҷуд надошт" ВИДЕО

Доналд Трамп: "Бо Русия ҳеч созиш вуҷуд надошт" ВИДЕО

 Додситони кулли Амрико рӯзи якшанбе "нуктаҳои асосии" таҳқиқоти Роберт Мюллер, прокурори вижаро дар мавриди дахолати эҳтимолии Русия дар интихоботи президентии соли 2016 ба Конгресс фиристод.

 

Виллиам Бар дар номаи худ гуфтааст, таҳқиқот на Доналд Трампро табраа ё "сафед" карда ва на ба ин натиҷа расида, ки ӯ муртакиби ҷурме шудааст.

Бар асоси номаи додситони кулли Амрико, далелҳои ҷамъовардаи Роберт Мюллер барои собит кардани онки Трамп дар барқарории адолат монеагузорӣ кардааст, низ "кофӣ нест".

Таҳқиқоти Роберт Мюллер тақрибан ду сол идома кард. Ӯ таҳқиқ кард, ки оё Русия дар интихоботи президентии соли 2016 дар Амрико дахолат дошт ё не. Ва оё дастёрони Трамп ва мақомҳои Русия тамос барқарор карда буданд ё не.

 

Прокурори вижа дар ин парванда ҳамчунин ба дунболи он буд, ки оё раиси ҷумҳури Амрико ғайриқонунӣ талош карда буд, то монеи барқарории адолат бишавад?

 

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи 24-уми март дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, "...бо Русия ҳеч созиш вуҷуд надошт. Ҳеч гуна монеагузорӣ набуд. Ин комилан табраа аст. Шармовар аст, ки кишвари мо инро аз сар гузаронд. Рости гап, шармовар аст, ки президенти Шумо инро аз сар гузаронд. Ҳамаи ин пеш аз онки ман интихоб бишавам, оғоз ёфта буд. Ва ғайриқонунӣ оғоз шуда буд."

 

Гузориши деринтизори Роберт Мюллер рӯзи 22-юми март ба додситони кулли Амрико супурда шуд. Интишори гузориши мухтасар дар бораи таҳқиқот дар ҳолест, ки бисёре аз вакилони Конгресс хостори интишори пурраи таҳқиқот ҳастанд.

 

Мюллер дар ҷараёни таҳқиқоти худ чандин шахси воқеӣ ва ҳуқуқиро бо иттиҳомҳои гуногун таҳти таъқиб қарор дод. Бо ин ҳол, то ба имрӯз ҳеч иттиҳоме, ки далел ба ҳамкории байни дастёрони Трамп ва мақомоти Русия бошад, ба таври мустақим матраҳ нашудааст.

 

Расонаҳои Амрико ба нақл аз манобеи Вазорати адлия гузориш додаанд, ки интизор намеравад бар асоси таҳқиқоти Мюллер афроди дигаре таҳти таъқиб қарор гиранд. Бо ин ҳол, додгоҳҳо метавонанд баъзе парвандаҳоро дар бораи мавзуъҳои ҷудогона аз таҳқиқоти Мюллер гирифта, боз кунанд.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон