Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

 Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 30 август ҷиҳати анҷоми як сафари давлатӣ ба Чин сафар кард.

Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар доираи ин сафар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар IX-умин ҳамоиши сарони давлатҳои узви БРИКС иштирок мекунад.

Ин ҳамоиш аз 3 то 5 сентябр дар шаҳри Сямэни вилояти Футзяни Чин баргузор мешавад. Қаблан расонаҳо хабар доданд, ки Син Ҷин Пин, раисҷумҳури Чин Президенти Тоҷикистонро ба ҳамоиши мазкур даъват кардааст.

“БРИКС”-- блоки иқтисодӣ ва тиҷоратии иборат аз панҷ кишвари бо суръат рушдкунанда - Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин ва Африқои Ҷанубӣ мебошад.

Ба иттилои манбаъ, Президенти Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии раисҷумҳур оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва захираҳои об, маориф ва илм, молия, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, президенти академияи илмҳо ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон