Ёдгор Файзов аз бекорӣ ва пешвози бе дабдабаи президент дар Бадахшон гуфт

Ёдгор Файзов аз бекорӣ ва пешвози бе дабдабаи президент дар Бадахшон гуфт

 Раиси вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мегӯяд, шумори воқеии бекорон дар ин минтақа 16 ҳазор нафар аст, вале дар омори расмӣ беш аз 4 ҳазор нафарро дарҷ кардаанд. Ёдгор Файзов дар нишасти хабарии 30-юми июл гуфт, "сатҳи бекорӣ хеле баланд аст ва қисме аз ҷавонон маҷбуранд, барои кор ба хориҷ раванд."

Мақомоти Тоҷикистон пешбинӣ мекунанд, ки мизони бекорӣ дар кишвар то поёни имсол эҳтимол 6,1 дарсад боло рафта, шумори бекорон ба 100 ҳазор нафар расад. Дар ҳоле ки то шурӯи пандемия дар моҳи феврал бекорӣ дар Тоҷикистон дар сатҳи 2 дарсад қарор дошт. Коршиносон ҳамвора мегӯянд, ки омори расмии бекорӣ дар Тоҷикистон воқеӣ нест ва шумораи бекорон ба маротиб бештар аст.

Раиси вилояти Бадахшон дар нишасти хабарии рӯзи панҷшанбе масъалаи ҷалби сармояро ба минтақа низ дар миён гузошт. Вай гуфт, аз 25 барномаи сармоягузорӣ танҳо ба 5 барнома расидагӣ шудааст, вале бар асари душвориҳои ҳамагирии коронавирус он ҳам оғоз наёфт.

Ба суоли рӯзноманигорон дар мавриди ин ки оё дар назар аст, қимати истифодаи барқ баъди бунёди нирӯгоҳи "Себзор" поин равад, посухи манфӣ дод. Ба гуфтаи ин мансабдор, масъалаи коҳиши таърифаҳо дар дастури кор нест ва анҷоми сохтмони "Себзор" танҳо диверсификатсия (таннавуъ)-и истеҳсоли барқро дар минтақа таъмин менамояд.

Ёдгор Файзов ҳамчунин дар мавзӯи омодаву боз будани мансабдорон барои муколама бо мардум, аз ҷумла ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ сухан ронд. Ба гуфтаи вай, ниҳодҳои иҷроия аз лиҳози техникӣ комилан таъмин нестанд ва на ҳамеша салоҳият доранд, ки иттилооти доштаашонро ифшо бисозанд. Бо ин вуҷуд ин мансабдор гуфт, ин шеваи муносибат бояд ҷузъе аз фарҳанги сиёсӣ шавад.

Раиси ВМКБ барои пуштибонӣ аз ташаббусҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ изҳори омодагӣ кард ва аз кумакҳои намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар давраи муқовимат бо коронавирус ёдовар шуд.

Ба суоли корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи он ки оё имкон дорад президенти Тоҷикистонро зимни сафари қарибулвуқӯяш ба ВМКБ бе дабдаба пешвоз гиранд, посух дод, ки "истиқболи президент хоксорона, бе қолин ва ҷалби мактаббачаҳо дархост шудааст".

Вале ӯ худ аз дастгоҳи президент хоҳиш кардааст, ки ҳадди ақал қисме аз анъанаҳои меҳмондориро риоят кунанд, ҳарчанд муқобили зиёдравиҳо мебошад.

Ёдгор Файзов соли 2018, баъд аз интиқоди президент аз раҳбарияти пешини вилоят барои вазъи ҷиноӣ дар минтақа ва набуди назорат, раҳбари ВМКБ таъин шуд. Ӯ дар гузашта дар Бунёди Оқохон кор кардааст.

назари худро нависед
  • David
  • 31-07-2020, 14:16
  • : 14:16
    • Маҳкул
    • 0
viagra coupons printable otc viagra viagra pills
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон