Сафари нахустини Раҷаб Таййиб Эрдуғон бо ҳамсараш ба Тоҷикистон

Сафари нахустини Раҷаб Таййиб Эрдуғон бо ҳамсараш ба Тоҷикистон

 Раиси ҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон шаби 14-уми июн бо ҳамсараш Амина Эрдуғон вориди пойтахти Тоҷикистон шуд. Онҳоро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ пешвоз гирифт.

Эрдуғон рӯзи шанбе дар нишасти Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва ҳамсараш Амина дар ифтитоҳи як маркази кумак ба маъюбон дар Душанбе иштирок мекунанд.

Ин сафари нахустини Эрдуғон дар мақоми раиси ҷумҳури Туркия ба Тоҷикистон аст. Дастикам аз соли 2016 эҳтимоли боздиди ӯ аз Тоҷикистон матраҳ аст, вале то кунун иттифоқ наафтода буд.

Вале дар гузашта раҳбарони ду кишвар телефонӣ суҳбат кардаанд. Аз ҷумла, онҳо моҳи сентябри соли 2017 вазъи мусалмонони Роҳинҷа дар Мянмарро баррасӣ намуда буданд.

Туркия пас аз Чину Русия ва Қазоқистон бузургтарин шарики тиҷоратии Тоҷикистон ба шумор меравад. Тоҷикистон ба ин кишвар асосан пахта содир карда, матоъву либоси тайёрро ворид мекунад.

Туркия дар чанд соли гузашта маҳалли иқомати мухолифони тоҷик ва ҳамчунин кишвари "транзитӣ" барои гузаштани ҷангҷӯён ба Сурияву Ироқ будааст. Туркия то кунун даҳҳо нафарро бо гумони убури ғайриқонунии марзаш бо Сурияву Ироқ дастгир ва ба Тоҷикистон таслим кардааст. Қаблан намояндагони мухолифон гуфта буданд, ки чанд узви онҳо дар Истанбул боздошт ва ба Тоҷикистон бурда шудаанд.

Тоҷикистон дар навбати худ литсейҳои мутааллиқ ба созмони Фатҳулло Гулен, рӯҳонии маъруфи турки муқими Амрикоро, ки ба талоши табаддулот дар он кишвар муттаҳам аст, ба мактабҳои миллӣ табдил додааст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон