Паёми табрикии Президент: Нагузорем, ки касони камбизоат боз ҳам қашшоқтар шаванд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар як паёми табрикӣ ба муносибати Иди Қурбон мардуми кишварро ба ҳимояи фарҳанги миллӣ даъват намуда, таъкид кардааст, арзишҳои исломӣ ҷузъи он мебошанд.

Дар ин паём Президент ба қабули тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ишора намуда, ҳадафи онро баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва махсусан, оилаҳои камбизоат унвон кардааст: “Тағйиру иловаҳои воридшуда ба идҳои динии мо низ дахл дошта, бо харҷи кам гузаронидани рӯзҳои ид ва маросими азодориро пешбинӣ кардаанд. Мо бояд идро ба тӯй ва зиёфати бодабдаба табдил надода, онҳоро хоксорона, бо оростани дастархони маънавӣ доир намоем ва бештар ба ҷанбаи тарбиявию ахлоқии он диққат диҳем”.

Ба гуфтаи раисҷумҳур, дар рӯзи Иди Қурбон бояд ба зиёдаравӣ роҳ надод ва бештар ба арзиши маънавии он, ки аз сухани нек гуфтан, дасти мадад дароз кардан ба ятимону маъюбон, муҳтоҷону камбизоатҳо, аёдати падару модарон, беморону азодорон ва дигар аъмоли хайру савоб иборат мебошад, таваҷҷуҳ зоҳир кард: “Мувофиқи аҳкоми шариат қурбонӣ кардан танҳо ба шахсони доро воҷиб буда, касоне, ки ба ин кор имкон надоранд, бо дуо ба рӯҳи гузаштагон ва муомилаи неку ахлоқи ҳамидаи инсонӣ қаноати идро ҳосил менамоянд, ки ин низ фазилати ид ва одоби исломӣ мебошад. Дарвоқеъ, бе хароҷоти зиёдатӣ ва бе оростани хони бодабдаба гузаронидани ид аз қадим хоси мардуми мо буд. Дигар ин, ки касеро ба иҷрои коре, ки аз тавону имконаш берун аст, маҷбур кардан, хусусан, дар шароити имрӯза, қарз гирифта қурбонӣ кардан ва ҳаққи фарзандонро кам намудан низ дар ислом нораво мебошад. Мо бояд ин масъаларо ба мардум возеҳу равшан фаҳмонем ва нагузорем, ки касони камбизоат боз ҳам қашшоқтар шаванд”.

Эмомалӣ Раҳмон дар идома изҳор дошта, ки “хотирнишон месозам, ки шукронаи соҳибдавлативу соҳибихтиёриро ба ҷо овардан, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсии кишварамонро боз ҳам таҳкиму тақвият бахшидан, Ватанро сидқан дӯст доштан ва барои ободиву пешрафти он содиқона заҳмат кашидан низ рисолат ва вазифаи имониву инсонии ҳар яки мост. Фаромӯш набояд кард, ки дӯст доштани Ватан шарти имондорӣ мебошад. Дар ин рӯзи муборак, ки Худованд мустаҷоб гардонидани дуову ниёиши мусулмононро ваъда кардааст, дуо мекунем, ки дар кишвари мо сулҳу субот то абад поянда бошад ва хонадони ҳар як сокини Тоҷикистон ободу осуда, пур аз саодату некбахтӣ ва файзу баракат гардад”.

Мардуму мусалмони Тоыикистон Иди Қурбонро фардо, 1 сентябр ҷанш мегиранд. Бар асоси қонунгузории кишвар ин рӯз истироҳат эълон шудааст, аммо ахиран Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон эълон кард, 1 сентябр дар ҳама муассисаҳои таълимӣ рӯзи дарсӣ мебошад.

Манбаъ "Озодагон"
назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон