Пелоси: "Дар баробари Эрон бояд қавӣ ва зирак буд, на саросема ва бепарво"

Пелоси: "Дар баробари Эрон бояд қавӣ ва зирак буд, на саросема ва бепарво"

 Ненси Пелоси, раиси Маҷлиси Намояндагони Амрико дар вокуниш ба мувофиқати Пентагон барои фиристодани нерӯҳои бештар ба Ховари Миёна дар пайи ҳамлаҳо ба киштиҳои нафткаш дар Баҳри Умон ва афзоиши танишҳо байни Вашингтон ва Теҳрон, баёнияе нашр кардааст.

Хонум Пелоси мегӯяд, "амрикоиҳо бояд ба посухгӯ кардани Эрон дар баробари рафторҳои хатарнокаш дар минтақа, ӯҳдадор бошанд". Ӯ сипас гуфтааст, "вале мо бояд қавӣ, боҳуш амал кунем, на саросема ва бепарво". Раиси Маҷлиси Намояндагони Амрико таъкид кардааст, ки ҳукумати кишвараш бояд ҳар тасмиме мегирад ва ё барномае, ки дорад, Конгрессро дар ҷараён гузорад.

Ненси Пелосӣ дар мавриди тасмими нав, паёмадҳои он бар афзоиши танишҳо ибрози нигаронӣ карда ва мегӯяд, "барои коҳиши танишҳо ба дипломатия ниёз аст, бинобар ин ҳукумати Амрико бояд машварат бо муттаҳидонамонро идома диҳад, то минтақаро ба ҷои ноамнтаре табдил накунем".

Рӯзи душанбеи 17-уми июн чанд соат пеш аз баёнияи Ненси Пелоси, Патрик Шанаҳан, сарпарасти вазорати дифои Амрико эълом кард, ки бинобар дархости Ситоди марказии фармондеҳии Амрико дар ғарб ва маркази Осиё ва пас аз баррасӣ бо Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳ ва машварат бо Кохи Сафед, бо фиристодани як ҳазор нерӯи нав ба минтақа мувофиқат кардааст.

Танишҳо дар пайи ҳамлаҳо ба киштиҳо

Афзоиши дубораи нерӯҳои амрикоӣ пас аз ҳамлаҳои ахир ба ду киштии нафткаш дар Баҳри Умон сурат мегирад. Ҳамлаҳое, ки Амрико ва бархе муттаҳидонаш, монанди Исроил, Бритониё ва Арабистони Саудӣ, Эронро масъули он гуфтаанд.

Пентагон дар ин росто аксҳоеро мунташир кардааст, ки як заврақи нерӯҳои Сипоҳи посдоронро дар ҳоли ҷудо кардани "як минаи инфиҷорнашуда аз бадана"-и киштии нафткаши ҷопонӣ нишон медиҳад. Аммо мақомҳои мухталифи Ҷумҳурии исломӣ даст доштан дар ҳамлаҳоро рад карда ва онро "бисёр машкук" донистаанд.

Муҳаммад Боқирӣ, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон рӯзи душанбеи 17-уми июн ин иттиҳомотро рад кард ва гуфт, агар Ҷумҳурии исломӣ қасди анҷоми инчунин кореро дошта бошад, онро "ба сурати ошкор ва пурқудрат", эълом хоҳад кард.

Иттиҳодияи Аврупо аз сӯи дигар хостори дарёфти маълумоти бештаре дар мавриди ин ҳодиса шудааст. Федерика Могеринӣ, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо гуфтааст, "вақти он нест, ки бидуни маълумоти дуруст, даст ба иқдоми саросемавор зад".

Ҷанг ё дипломатия?

Бо вуҷуди танишҳо, мақомоти ҳукумати Амрико таъкид кардаанд, ки дар пайи роҳҳои ҳалли сиёсӣ ва дипломатӣ ҳастанд. Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико мегӯяд, гарчӣ "шакке вуҷуд надорад", ки Эрон масъули ҳамла ба киштиҳои нафткаш ҳаст, вале Амрико қасд надорад то бо Теҳрон вориди ҷанг шавад ва талошҳои дипломатӣ идома мекунад.

Доналд Трамп соли гузашта бо вуҷуди мухолифати муттаҳидони аврупоии худ ва интиқоди демократҳо, аз созиши атомӣ бо Теҳрон хориҷ шуд. Трамп созиши ҳастаиро "бадтарини созише, ки дидааст" хонд ва хостори даст ёфтан ба созиши нав шуд.

Дар ин замин ҳукумати Доналд Трамп таҳримҳои сахтеро алайҳи Теҳрон ҷорӣ кард. Оқои Трамп дар айни ҳол мегӯяд, аз вақте раиси ҷумҳури Амрико шуд, "рафторҳои вайронкорона"-и Эрон мутаваққиф шудааст.

Бо вуҷуди таъкиди мақомҳои амрикоӣ барои музокира, аммо раҳбари Эрон, ки тасмимгиранади ниҳоӣ дар сиёсатҳои калони он кишвар аст, гуфтугӯ бо ИМА-ро радд кардааст. Саид Алии Хоманаӣ мегӯяд, "мо ба ҳеҷ ваҷҳ таҷрибаи талхи музокираи чанд соли ахир бо Амрикоро такрор нахоҳем кард".

Ин изҳорот дар ҷараёни дидори Алии Хоманаӣ бо нахуствазири Ҷопон матраҳ шудааст. Дар ҳафтаҳои ахир гузоришҳои мухталиф аз талошҳои кишварҳои гуногун барои миёнҷигарӣ байни Теҳрон ва Вашингтон мунташир шудааст. Ҳарчанд дар ин муддат танишҳо фурӯкаш накардааст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон