Иттиҳодияи Аврупо стратегияи нави худ дар бораи Осиёи Миёнаро қабул кард

Иттиҳодияи Аврупо стратегияи нави худ дар бораи Осиёи Миёнаро қабул кард

 Кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо стратегияи нави худро дар мавриди Осиёи Миёна тасвиб кардаанд.

Ба гуфтаи онҳо, ҳадафи аз стратегияи нав, тақвияти ҳамкории қавӣ ва давомдор миёни ин иттиҳодия ва кишварҳои минтақа аст.

Вазирони умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо рӯзи 17-уми июн дар мулоқоти худ дар Бруссел ин стратегияро ба тасвиб расонданд. Онҳо аз тақвияти равобити Иттиҳодияи Аврупо бо Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон истиқбол карданд.

Нахустин стратегияи ин иттиҳодия дар мавриди Осиёи Миёна дар соли 2007 қабул шуда буд.

Бар пояи ин стратегия, тарвиҷ ва ҳимоят аз ҳокимияти қонун, ҳуқуқи башар ва озодиҳои бунёдӣ, ҳамоно аз нуқтаҳои меҳварӣ дар муносибатҳои Иттиҳодияи Арупо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ боқӣ мемонанд

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон