Ҳукумат "электронӣ" ва ба мардум наздик мешавад?

 Ҳукумат "электронӣ" ва ба мардум наздик мешавад?

 Ба ҳукуматҳои ноҳияву шаҳрҳо дар Тоҷикистон амр доданд, вебсайт боз кунанд. Сарфи назар аз маҳдудиятҳои дастрасӣ ба интернет, коршиносон ин иқдомро барои эҷоди ҳукумати электронӣ муҳим арзёбӣ мекунанд.

Ҳафтаи гузашта Маҷлиси намояндагон ба як қатор қонунҳо тағйирот ворид кард, ки миёни онҳо тағйирот ба қонун “Дар бораи мақомоти ҳокимияти давлатӣ” низ буд. Бар асоси ин тағйирот раҳбарони ҳамаи ноҳияҳо, шаҳрҳо ва вилоятҳо бояд дар Интернет вебсайт дошта бошанд. Василаи муҳиме, ки аксарияти ниҳодҳои давлатӣ надоранд.

Ба гуфтаи вакили тоҷик Ориф Ҳакимов, ислоҳи санад бо ҳадафи таъмини риояти ҳуқуқи инсон сурат гирифтааст. Ӯ дар посухи кӯтоҳе ба Радиои Озодӣ гуфт, "сайтҳо ҳуқуқу озодиҳои инсонро дар маҳаллҳо таъмин мекунанд, хусусан ҳуқуқ ба иттилоъро".

Муҳаммадӣ Ибодуллоев, раиси Бунёди ҷамъиятии "Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет" мегӯяд, қабули ин қонун хабари хушест, ба шарте ки онро иҷро кунанд: "Ин як хабари хуш аст, зеро вақте мавзӯъро дар сатҳи қонунгузорӣ матраҳ карданд, пас кадом иқдомҳое сурат мегирад".

Ба гуфтаи ӯ, агар ин корҳо дуруст иҷро шаванд, пас қадами муҳиме барои сохтани ҳукумати электронӣ мешавад, чун мақомоти давлатӣ иттилоъ дар бораи фаъолияти худро бидуни дархост ба шахсони алоқаманд пешниҳод мекунанд.

То рақамӣ шудан роҳ дароз аст

Қарор “Дар бораи консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ” ҳанӯз соли 2011 содир шудааст. Консепсия ироаи иттилооту хидматрасониҳо ба шаҳрвандон, доираҳои тиҷоратӣ, шохаҳои ҳокимият ва дар маҷмуъ осон кардани ҳамкорӣ миёни давлат ва мардумро бо истифода аз интернет пешбинӣ кардааст. Консепсия бояд дар се марҳила дар муддати 8 сол ва аз соли 2012 то 2020 иҷро мешуд. Гоми аввал эҷоди шабакаи ягонае буд, ки ҳамаи вазорату идораҳоро муттаҳид мекард. Баъдан мақомоти давлатӣ муваззаф буданд, ки табодули электронии санадҳоро ба роҳ бимонанд.

Дар марҳилаи сеюм, ки бояд соли 2020 ба анҷом бирасад, рақамӣ кардани пешниҳоди хидматрасониҳои давлатӣ ба аҳолӣ ва муассисаву созмонҳо дар назар гирифта шудааст. Вале таҷриба нишон дод, ки ин ҳадафҳо то кунун татбиқ нашудаанд. Дар раддабандии СММ, дар бораи ҳукумати электронӣ дар соли 2018 Тоҷикистон мақоми 131-ро дорад. Ҳарчанд кишвар солҳои ахир мавқеи худро 8 зина болотар кардааст, вале аз кишварҳои ҳамсоя хеле ақиб мондааст. Қирғизистон дар ин раддабандӣ мақоми 91, Қазоқистон 39 ва Узбакистон 81-ро дорад.

Шеваи мубориза бо фасод

Раиси созмони ҷамъиятии “Хома” Шаҳло Акобирова мегӯяд, ки лоиҳаи ҳукумати электронӣ бояд идома пайдо кунад, зеро яке аз василаҳои муассиртарини мубориза бо фасод аст. Бо вуҷуди ин ба гуфтаи ӯ, дар ин роҳ баъзе маҳдудиятҳо вуҷуд дорад: "Маҳдуд кардани дастрасӣ ба интернет яке аз иқдомҳои нодурустест, ки барои иҷро шудани Стратегияи миллии рушд барои то соли 2030 монеа эҷод мекунад ва ин стратегия ба рушди ҳукумати электронӣ ва иқтисоди рақамӣ такя менамояд".

Зарурати ташаккули ҳукумати электронӣ ва таъмини дастрасӣ ба иттилоъ ҳамчунин дар Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2013-2020 низ инъикос шудааст. Аммо созмони мӯътабари OECD, як созмони муташаккил аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон Тоҷикистонро барои иҷро накардани масъулиятҳояш барои ба иттилоъ, ки бахше аз ҳукумати электронӣ аст, танқид кардааст.

Мушкилӣ дастрастӣ ба интернет

Дастрасӣ ба иттилоъ аксаран ба сабаби суръати пасти интернет маҳдуд мешавад. Мувофиқи маълумоти Хадамоти алоқа аз шумораи умумии 6,2 миллион муштарии алоқаи мобилӣ, 2,5 миллион нафар аз интернет, аз ҷумла интернети мобилӣ истифода мебаранд. Бар асоси раддабандии SpeedtestGlobalIndex дар моҳи январи соли 2019 Тоҷикистон бо интернети дорои суръати пасти 5,04 Мбит/с дар мақоми охирини 137 қарор дошт. Барои муқоиса дар ин раддабандӣ Қазоқистон мақоми 85, Қирғизистон 111 ва Узбекистон 129-ро соҳиб шудаанд.

Муҳаммадӣ Ибодуллоев таъкид мекунад, ки мушкилоти интернет набояд баҳонае барои ташаккули ҳукумати электронӣ гардад: “Ин раванд давом дорад ва дар бархе маворид, хусусан барои тиҷорат муваффақ аст. Масалан, низоми Кумитаи андоз, низоми раводиди электронӣ, низоми банақшагирӣ, пешбинӣ ва иҷрои буҷа ва ҳоло хадамоти гумрук ҳам равзани ягонаи содироту воридотро фаъол месозад.”

Дар маҷмуъ, иҷрои сусти қарору қонунҳо дар бораи ташкили ҳукумати электрониро майли ками бархе аз ин мансадорон медонанд, чун дар сурати иртиботи электронӣ бо мардум зарурати муроҷиат ба мансабдор кам мешавад. Биноан даромади онҳоро аз ҳисоби ришваву фасод кам мекунад, зуҳуроте, ки ба эътирофи ҳукумат дар бисёре аз сатҳҳо мушоҳида мешавад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон