Дар меҳмонхонаҳои Душанбе як ҳафтаи оянда ҷой нест

Дар меҳмонхонаҳои Душанбе як ҳафтаи оянда ҷой нест

 Дар меҳмонхонаҳои шаҳри Душанбе ҷойҳои зисти холӣ намондааст, дар чанде аз онҳо ҳатто то санаи 26 июн. Ба гумони ғолиб, ин ҷойҳоро меҳмононе гирифтаанд, ки барои иштирок ва инъикоси ҳамоиши Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (14-15 июн) ба Душанбе омадаанд.Тавре ба “Азия-Плюс” аз меҳмонхонаи Hyatt Regency хабар доданд, дар ин меҳмонхона то рӯзи 18 июн ҷойи холӣ боқӣ намондааст. “Дигар меҳмонони навро қабул карда наметавонем”, - гуфтанд онҳо.

Дар Hilton иттилоъ доданд, ки ҳамаи ҳуҷраҳои зисти меҳмонхона то 17 июн банд шудааст. “Дар меҳмонхонаи мо намояндагони Чин ва Озарбойҷон ҷой гирифтанд, дигар ҳуҷраи холӣ надорем”, - қайд кардан дар меҳмонхона.

Дар меҳмонхонаи “Тоҷикистон” низ вазъ ба ҳамин гуна аст: ҳуҷраҳои зисти меҳмонхона то санаи 25 июн банд аст.

Дар меҳмонхонаи “Серена” низ изҳор доштанд, ки дар рӯзҳои баргузории ҳамоиш ҷойҳои холӣ намондааст.

Қобили зикр аст, ки дар меҳмонхонаҳои оддӣ низ ҷойҳои холӣ нест. Сайёҳон дар форумҳои англисизабон мегӯянд, дар робита ба баргузории ҳамоиш дар онҳо низ пешакӣ фармоиш додани ҷойи зист ғайриимкон шудааст.

Read more: https://news.tj/tj/news/tajikistan/society/20190614/dar-memonhonaoi-dushanbe-yak-aftai-oyanda-oi-nest

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон