ПЕШНИҲОДИ ГАРОНТАР КАРДАНИ НАРХИ СИГОР ДАР ТОҶИКИСТОН

ПЕШНИҲОДИ ГАРОНТАР КАРДАНИ НАРХИ СИГОР ДАР ТОҶИКИСТОН

 Давлати Тоҷикистон аз тарси афзоиши бемо­риҳои шушу саратон дар байни аҳолӣтасмим ги­рифтааст, ки қимати сигорро баланд бардорад, то аз ин роҳ дастрасӣ ба тамоку камтар шавад.

Масъалаи зиёни сигор ва мубориза бо исти­фодаи зиёди он дар байни аҳолӣ рӯзи 28-уми май дар як нишасте ба муносибати Рӯзи ҷаҳо­нии мубориза бо тамоку дар Душанбе баррасӣ шуд. Сӯҳроб Воҳидов, сардори Раёсати амнияти санитарӣ-эпидемиологӣ дар Вазорати тандуру­стӣ гуфт, боло бурдани қимати сигор метавонад, дастрасӣ ба тамоку ва теъдоди сигоркашонро кам кунад.

Аммо ин нигарониҳо ҳам садо дод, ки гарону дастнорас кардани сигор барои аҳолии камбизо­ати Тоҷикистон, сигориҳоро водор мекунад, ба навъи дигари тамоку, яъне нос рӯ биёранд. На­въи тамокуи суннатӣ, ки зиёнаш на камтар аз сигор аст ва дар байни аҳолӣ бисёр зиёд исти­фода мешавад.

Сӯҳроб Воҳидов дар нишаст гуфт, гурӯҳи корие дар Вазорати рушди иқтисод машғули таҳияи санадҳои лозимӣ барои афзоиши қимати сигоранд. Ӯ афзуд, айни замон Тоҷикистон ме­хоҳад, ӯҳдадориҳои байналмилалиашро барои мубориза бо сигоркашӣ иҷро кунад.

«Сигор набояд камтар аз 5 сомонӣ бо­шад»

Намояндаи вазорати иандурустӣ афзуд, га­ронтар кардани қимати тамоку дар дигар кишварҳо “натиҷаи хуб додааст” ва теъдоди онҳое, ки аз тарси нархи баланд, аз одати зиё­новарашон даст кашидаанд, зиёд шудааст. Ба қавли Сӯҳроб Воҳидов, «ҳоло дар Осиёи Мар­казӣ сигори аз ҳама арзонро дар Тоҷикистон меёбед». Намояндаи вазорат ҷузъиёти пеш­ниҳодҳо барои гарон кардани қимати сигорро шарҳ дод ва гуфт: «Мо мехоҳем, аз 5 то 7 сомонӣ боло бурда шавад. Нархи сигори арзони арзон аз 5 сомонӣ боло шавад. Дар Тоҷикистон арзон аст, масалан дар Туркманистон нархи як қут­тии сигор аз 50 сомонии худамон сар мешавад”.

Аммо дар нишасти бахшида ба рӯзи ҷаҳо­нии мубориза бо тамоку дар Душанбе ин ни­гарониҳо садо дод, ки гаронтар кардани сигор танҳо роҳи кам кардани талабот ба тамоку буда наметавонад, чун интихоби дигаре дар Тоҷики­стон вуҷуд дорад.

«Аз сигор ба нос мегузаранд»

Бархе аз хабарнигорон дар нишаст гуфтанд, аз мушоҳидаву сӯҳбатҳояшон бо афроди сигорӣ маълум карданд, ки дар гузашта бо афзоиши нархи сигор афроди камбизоат ба нос рӯ оварда­анд. Ҳоло нархи сигоре, ки аз Покистон меояд, дар Тоҷикистон аз 3 то 15 сомониро ташкил ме­диҳад ва ба қавли баъзе аз сигориҳо ҳоло ҳам ба­рояшон гарон аст.

Бино ба гузоришҳо Тоҷикистон аз назари ис­теъмоли тамоку дар миёни кишварҳои муштара­кулманофеъ мақоми 9 ва дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ мақоми сеюмро касб кардааст. Як таҳқиқи соли 2016 нишон додааст, ки 29,9 дарсади аҳолии калонсол дар кишвар тамоку мекашанд, ки аз ин 25,7 фисадро мардон ва 2,2 фисадро занон ташкил медиҳанд. Тибқи гузо­ришҳои дигар дар Тоҷикистон беш аз ним мил­лион нафар тамоку мекашанд, ки 78 дарсади онҳоро мардон, 10 дар садро занон ва 12 дар­сади дигарро ноболиғон ташкил медиҳанд.

Достони Маъруфи сигорӣ

Маъруф, як сокини ноҳияи Рӯдакӣ, барои камтар кардани хароҷот аз сигор ба нос рӯ овар­дааст. Ӯ мегӯяд, қаблан пулаш барои чанд қуттӣ сигор кофӣ буд ва баъди ҳар чанд соат сигор ме­кашид.

Ҳоло дар ҳамёнаш фақат барои носи арзон пул меёбад: «Ҳозир мардикорам, дар барам он қадар пуле надорам, ки сигор кашам ва барои ҳамин маҷбур шудам ба ҷои сигор носро инти­хоб кунам. Агар барои сигор дар як рӯз 8 сомонӣ сарф мекардам, ҳозир як халтача носро як со­монӣ мехараму як ҳафта мекашам.»

Аммо ба эътиқоди Сӯҳроб Воҳидов, намоян­даи вазорати тандурустӣ, боло бурдани нархи сигор, шумораи носкашонро зиёд намекунад, чун “ин масъала ба иродаи ҳар як шахс во­бастагӣ дорад.”

Давлати Тоҷикистон соли 2017 қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро тасвиб кард ва бар асоси он фурӯшу истифодаи тамоку маҳдуд шуд. Тарғиби тамоку, истеъмоли он дар ресторанҳо, дар назди шифо­хонаҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳам манъ шуд.

Аммо бо вуҷуди ин фурӯши он ва бахусус нос дар кӯчаву бозорҳо ба назар мерасад. Нос­фурӯшҳо барои ҷалби харидор бо садои баланд фарёд мекашанд, ки як навъи реклама ба ҳисоб меравад. Табибон бар ин назаранд, ки дар баро­бари сигор, нос ҳам хатари зиёд дорад ва бояд масъулин дар мавриди ҷилавгирӣ аз паҳншавии он миёни мардум, аз ҷумла ҷавонон, тарғибот баранд ва чораҳои бештар биандешанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон