Покистон дар роҳҳои Тоҷикистон долонҳои зиддитарма месозад

 Давлати Покистон барои бунёди долонҳои зиддитарма дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ ба миқдори 5 миллион доллари амрикоӣ кумаки билоиваз ҷудо кардааст.

Дар назар аст, бо ин маблағ дар километрҳои 48 ва 72-и роҳи Душанбе-Хуҷанд дар тӯли 365 метр долонҳо барои ҳимоя аз фаромадани тарма бунёд шавад.

Имрӯз, 12 июн дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба Қонун “Дар бораи буҷети давлати Тоҷикистон барои соли 2019” тағйирот ворид гардида, иҷрогари тарҳи бунёди долонҳои зиддитарма аз андозҳо ва барои ворид кардани таҷҳизоти зарурӣ аз боҷи гумрукӣ озод шуд.

Зафар Кенҷаев, раҳбари Маркази татбиқи лоиҳаҳои “Роҳи Душанбе-Хуҷанд” дар иҷлосия гуфт, ки барои пешгирӣ аз хатари фаромадани тарма дар минтақаҳои кӯҳистонии шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ бояд дар масоҳати 5666 метри ин масир 55 долони зиддитарма сохта шавад.

Вакил: Чаро IRC долонҳои зиддитарма намесозад?

Дар ҳамин ҳол, вакилони парлумон аз фаъолияти ниҳодҳои таъмири роҳ ва вазъияти роҳҳои кишвар интиқод карданд.

Аз ҷумла, Сайидҷаъфар Усмонзода аз он ибрози ҳайрат кард, чаро ширкати IRC, ки аз тамоми андозҳо озод буда ва чанд сол боз дар роҳи Душанбе-Хуҷанд ҳаққи убур аз ин роҳро ҷамъоварӣ мекунад, худ барои таъмини бехтарии роҳ долонҳои зиддитарма намесозад?

Чун намояндагони ин ширкат дар ҷаласаи парлумон ширкат надоштанд ин суол бидуни посух монд. Масъулони Вазорати нақлиёт ва молия, ки дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ҳузур доштанд, дар ин замина ибрози назар накарданд.

Зимнан, шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд як масири стратегӣ ҳисоб меёбад ва дар фаслҳои зимистону баҳор дар ин масир зуд-зуд тарма фаромада ҳаёти мусофирону ронандагонро ба хатар меандозад.

Аз ҷумла, дар фасли зимистони гузашта бар асари резиши тарма дар роҳи Хуҷанд – Душанбе ҳудуди 20 нафар ҷон бохтанд. Се корманди ширкати IRC, мутасаддии нигоҳубини роҳ низ ҳангоми поккорӣ зери тарма монда ба ҳалокат расиданд. Ҳаракати мошинҳо дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд дар моҳи феврали соли ҷорӣ ба далели фаромандани тарма борҳо қатъ гардид.

Дар ин моҳ гурӯҳҳои наҷотбахш аз зери тармаву барф дар роҳи Душанбе-Хуҷанд 7 нафарро зинда берун оварданд.

Далери Абдулло, сухангӯи намояндагии ширкати IRS дар Тоҷикистон он замон гуфта буд, ки тӯли ду рӯзи моҳи феврал кормандони ин ширкат дар роҳи Душанбе-Чаноқ паёмадҳои 70 тарма дар ҷодаро бартараф кардаанд. Ба ин манзур феълан дар минтақаи Варзоб 40 адад техникаи пуриқтидори ин ширкат оқибатҳои офати табииро бартараф кардаанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон