Тавсияи милиса ба сокинони ноҳияҳо: Ду рӯз бе зарурат ба Душанбе наоед.

Тавсияи милиса ба сокинони ноҳияҳо: Ду рӯз бе зарурат ба Душанбе наоед.

 Мақомоти интизомӣ аз сокинони ноҳияҳои Тоҷикистон хостаанд, ду рӯзи нимаи моҳи июн бе зарурат ба Душанбе наоянд. Раёсати умури дохилии Душанбе бо нашри як огаҳии расмӣ дар вебсайти вазорати умури дохилӣ гуфт, ба сабаби баргузории нишасти Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ ба Осиё чанд роҳи марказии Душанбе як қисмати шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ баста мешавад.

Нишасти мазкур, ки дар он қарор аст, раҳбарони 27 кишвар ширкат варзанд, рӯзҳои 15 ва 16-уми июн дар Душанбе сурат мегирад. Раёсати корҳои дохилии Душанбе мегӯяд, ҷиҳати дар сатҳи баланд сурат гирифтани Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ ба Осиё ҳаракати ҳама гуна нақлиёт тавассути кӯчаҳои ба номи Аҳмади Дониш, Айнӣ, Рӯдакӣ, Сомонӣ, Ганҷавӣ ва роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ то километри 21-ум назди истироҳатгоҳи «Кохи Малика» манъ карда мешавад.”

Барои ҳамин раёсат ба сокинони шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон тавсия додааст, ки рӯзҳои 14-15-уми июн бе зарурият ба қаламрави Душанбе наоянд. Айни замон аз сокинони пойтахт хоста шудааст, ки дар ин ду рӯз бо мошин ба ҷойи кор, ё дигар маҳал нараванд ва аз нақлиёти умумӣ истифода баранд.

Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ ба Осиё мумкин аст, раҳбарони Озарбойҷон, Афғонистон, Баҳрайн, Ветнам, Миср, Ҳиндустон, Ироқ, Эрон, Исроил, Қазоқистон, Камбоҷа, Чин, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон, Фаластин, Россия, Тайиланд, Туркия ва Ӯзбекистон ширкат кунанд.

Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё анҷумани байналмилалӣ аст, ки дар он умдатан масоили амниятӣ дар Осиё баррасӣ мешавад. Тирамоҳи соли 2018 раёсат дар Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё аз Чин ба Тоҷикистон гузашт.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон