Рустами Эмомалӣ боғи навбунёдро ба номи Куруши Кабир гузошт

Рустами Эмомалӣ боғи навбунёдро ба номи Куруши Кабир гузошт

 Боғи навбунёд “Куруши Кабир” дар буриши кӯчаҳои Нисор Муҳаммад, гузаргоҳи дуюми Мирзо Турсунзода ва Шарифҷон Ҳусейнзода ҷойгир шудааст

Қарори навбатии Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе дар бораи “Боғи Куруши Кабир” номгузорӣ намудани боғи навбунёд ба имзо расид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси шаҳр.

Тавре манбаъ иттилоъ додааст, боғи навбунёд дар буриши кӯчаҳои Нисор Муҳаммад, гузаргоҳи дуюми Мирзо Турсунзода ва Шарифҷон Ҳусейнзодаи ноҳияи Шоҳмансур дар қитъаи замини масоҳаташ 4,3 гектар ба “Боғи Куруши Кабир” номгузорӣ карда шуд.

Манбаъ таъкид намудааст, ки “Боғи Куруши Кабир” дар масоҳати 4,3 гектар ба мувозинати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе гузаронида шавад.

Ҳамзамон манбаъ қайд намудааст, ки барои гузоштани муҷассамаҳои рассоми машҳури тоҷик Камолиддини Беҳзод ва Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шуравӣ Малика Собирова дар “Боғи Куруши Кабир” тибқи лоиҳа иҷозат дод.

Раиси шаҳр ба муовини Раиси шаҳри Душанбе-сарпарасти соҳа ва раиси ноҳияи Шоҳмансур дастур додааст, ки якҷо бо сохторҳои дахлдор барои фаъолияти минбаъдаи боғи мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.

Инчунин манбаъ зикр намудааст, ки қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод хоҳад шуд.



Read more: https://sputnik-tj.com/Tajikistan/20190523/1028975363/Rustami-Emomali-bogi-navbunyodro-ba-nomi-Kurushi-Kabir-guzosht.html

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон