Базми Наврӯзӣ дар шаҳри Ваҳдат

Базми Наврӯзӣ дар шаҳри Ваҳдат

Сарояндагони тоҷик Шабнами Сурайё, Зулайхо Мамадшоева, Фаридуни Хуршед, Сироҷиддин Фозилов, Афзалшои Шодӣ ва Нишонаи Рустам ташнагони ҳунарро ба ваҷд оварданд.

 

Шоми рӯзи 26 март дар варзишгоҳи шаҳри Ваҳдат бо иштироки ситораҳои эстрадаи ватаниву кишварҳои ҳамсоя консерти бошукуҳ бахшида ба ҷашни Наврӯз баргузор гардид.

 

Базми Наврӯзӣ дар шаҳри Ваҳдат

 

Барандагони ин ҷашни дилангез Мубориз ва Нилуфари Сарбоз меҳмононро хайрамақдам намуда, бо рақосаҳои хушхироми ансамбли Гулрез консертро ҳусни оғоз бахшиданд. Бо ташабуси  раиси шаҳри Ваҳдат Амирзода Раҳмон сарояндагон базми  наврӯзиро бо суруду таронаҳои дилнишин тасфонида, барои меҳмонон ва мардуми шаҳри Ваҳдат шоми гувороеро тақдим намуданд.

Базми Наврӯзӣ дар шаҳри Ваҳдат

 

Сарояндагони тоҷик Шабнами Сурайё, Зулайхо Мамадшоева, Фаридуни Хуршед, Сироҷиддин Фозилов, Афзалшои Шодӣ ва Нишонаи Рустам ташнагони ҳунарро ба ваҷд оварданд. Меҳмонони консерти наврузӣ ҳунарманди ҷумҳурии Ӯзбекистон Севинч Мӯъминова ва ҳунарпешаи афғон Сита маҳфилро ранги дигар бахшиданд.

 

Базми Наврӯзӣ дар шаҳри Ваҳдат

 

Шумо метавонед сабти мусоҳибаи Шариф Ҳамдампурро бо ҳунарпешаи машҳури Ӯзбекистон Севинч Мӯъминова ва дурахшонтарин ситораи афғон Сита Қосимӣ дар сомонаи Tajikistantimes мутолиа намоед.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон