Гурўҳи таблиғотӣ ба сокинони Ҳамадонӣ зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни танзимро шарҳ дод


Ҳафтаи сипаригардида гурўҳҳои таблиғотӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ба шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ сафари корӣ анҷом доданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аъзои гурӯҳи таблиғотӣ, сармуҳаррири рўзномаи «Народная газета» Маҳбуба Камолова иттилоъ дод, гурӯҳи кории онҳо ба  ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон сафарбар карда шуда, аз 11 то 15 сентябр дар марказ ва ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи мазкур  вохӯрию ҷамъомадҳо баргузор намуд.


Аз ҷумла, дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва ҷамоатҳои деҳоти «Меҳнатобод»,   «Панҷоб», ба номи  С.Турдиев,  «Панҷрӯд», «Чубек»,  «Қаҳрамон», «Даштигуло»  бо раисони ҷамоатҳо, маҳаллаҳо, директорони мактабҳо, фаъолон ва сокинон вохўриҳо доир гардиданд.


Дар вохӯриҳо роҳбари гурўҳ ва аъзои он ба иштирокдорон оид ба нақши Пешвои миллат дар қабули қонуни мазкур, зарурат ва омилҳои ворид намудани тағйиру иловаҳо, аҳамияти байналмилалии онҳо, танзими маросимҳои динӣ, тӯю маъракаҳо, маросимҳои азодорӣ, аз байн бурдани хурофотпарастӣ,  назорат аз болои толибилмон барои бо мошин наомадан ба дарс, риояи талаботи қонуни танзим  дар баргузории маросими ақиқа, хатнасур, кушодани суратҳисоб барои фарзандон, саховатмандӣ ба ятимон, ниёзмандон, пиронсолон, пос доштани арзишҳои миллӣ, хусусан ҳифз кардани забони давлатӣ ва либосҳои миллӣ, пешгирии омилҳои рў овардани занону бонувони тоҷик ба фарҳанги бегона, ба ҷавобгарӣ кашидани мансабдорон, намояндагони уламо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми роҳ додан ба вайрон намудани талаботи қонун сухан гуфтанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон