Қарори нави Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи “Фароз” ва мусофирбарӣ

Қарори нави Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи “Фароз” ва мусофирбарӣ

 Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори Ҳукумат ба ширкати “Фароз” барои бунёди терминал дар самтҳои Ҳисор, Шаҳринав ва Турсунзода замин ҷудо кард

Ҳукумат қарор кардаст, ки аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии “Эҳсон”-и ноҳияи Рӯдакӣ 3 гектар замин ба ҶСП “Фароз” барои бунёди терминали масири Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав ҷудо карда шавад.

Бар асоси қарори Ҳукумат, ки Эмомалӣ Раҳмон моҳи равон имзо кардааст, ширкати “Фароз” муваззаф гардидааст, талафот барои аз гардиши кишоварзӣ берун мондани замини мазкур дар ҳаҷми 384 ҳазор сомониро ба буҷа пардохт кунад.

Тасмим барои сохтмони терминали ҷадиди масири шаҳру навоҳии Ҳисор, Шаҳринав ва Турсунзода дар ҳолест, ки феълан бисёри мусофирбарҳо дар ин самт аз маҳаллаи маъруф ба “Зарнисор”-и Душанбе ҳаракат мекунанд. Бархе аз сокинон шикоят мекунанд, ки бетартибӣ дар ҳаракати мусофирбарҳо аз ин маҳалла баъзан боиси танбашавии мошинҳо мегардад.

 

Моҳи сентябри соли равон Ҳукумати Тоҷикистон қарор карда буд, ки дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд, аз ҷумла Панҷакент, Исфара ва Мастчоҳ ба ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Фароз” барои бунёди терминалҳои байналмилалии автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ замин ҷудо карда шавад.



Read more: https://sputnik-tj.com/Tajikistan/20191115/1030223323/qarori-hukumati-Tojikiston-dar-borai-Faroz-va-musofirbari.html

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон