Рустами Эмомалӣ қарори нав ба тасвиб расонд

Рустами Эмомалӣ қарори нав ба тасвиб расонд

 Қарори раиси шаҳри Душанбе дар бораи таҷлили ҷашни Меҳргон ба имзо расидааст. Рӯзи 13 октябр Иди Меҳргон дар Тоҷикистон таҷлил мешавад Вебгоҳи  шаҳрдории Душанбе, имрӯз 8 октябри соли ҷорӣ нусхаи қарори нави раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро мунташир кардааст.
Қарори раиси шаҳр таҳти рақами 600 дар бораи таҷлили ҷашни Меҳргон дар Душанбе буда, дар он гуфта мешавад, "нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Душанбе  дар бораи омодагӣ ва таҷлили иди Меҳргон тасдиқ карда шавад".

Ҳамчунин масъулини шаҳр - муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, раисони ноҳияҳо вазифадор шудаанд, ки иҷрои саривақтии чорабиниҳои ҷашнро таъмин намоянд.

Меҳргон яке аз ҷашнҳои бостонии мардумони эронитабор, бахусус тоҷикон аст, ки камобеш 4 ҳазор сол торих дорад. "Меҳргон"-ро бар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми августи соли 2009 расман дар саросари кишвар ҷашн мегиранд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 13 октябри соли равон дар сартосари Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад.

Иди мазкур бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Боғи Ирам гузаронида мешавад.



Read more: https://sputnik-tj.com/society/20191008/1029999210/rustam-emomali-karor-nav-tasvib-rasond.html

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон