Се ҳазор сомонӣ: қарори раис барои баланд бардоштани мавқеи омӯзгор

Се ҳазор сомонӣ: қарори раис барои баланд бардоштани мавқеи омӯзгор

 Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе қарор кардааст, ки ба муносибати Рӯзи омӯзгорон, онҳое, ки шогирдонашон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ мақом гирифтаанд, бо мукофоти пулӣ қадрдонӣ шаванд Тибқи иттилои шаҳрдории Душанбе, бо қарори Рустами Эмомалӣ, омӯзгороне, ки шогирдонашон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ба ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гардидаанд, 3 ҳазор сомонӣ мегиранд.

Дар иттилоияи нашркарда, ҳадафи қарори раиси Душанбе - ҳавасмандгардонии моддӣ-маънавӣ, тарғиби таҷрибаи босамари омӯзгорӣ, баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа арзёбӣ шудааст.

Рустами Эмомалӣ рӯйхати омӯзгоронеро, ки шогирдонашон дар олимпиадаҳои фаннии сатҳи ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, тасдиқ карда, бахши молияро барои ҷудо кардани 129 ҳазор сомонӣ муваззаф кардааст.

“Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе ҷиҳати ҳавасмандгардонии омӯзгорон, тибқи рӯйхати замимагардида барои ҳар кадоме ба маблағи 3000 - се ҳазор сомонӣ ва дар маҷмӯъ дар ҳаҷми 129000 сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои ба соҳаи маориф пешбинигардида ҷудо намояд”, - омадааст дар қарор.

Муовини раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи раиси шаҳр ва Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани маросими ҳавасмандгардонии омӯзгорон муваззаф шудаанд.



Read more: https://sputnik-tj.com/education/20191002/1029968549/Se-hazor-somoni-qarori-rais-baroi-baland-bardoshtani-mavqei-omuzgor.html

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон