Озмуни Рустами Эмомалӣ барои ишғоли беш аз 25 курсии холӣ: эълони маош ва талабот

Озмуни Рустами Эмомалӣ барои ишғоли беш аз 25 курсии холӣ: эълони маош ва талабот

 Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе бо имзои як қарор барои ишғоли беш аз 20 курсии холӣ дар дастгоҳи раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи пойтахт озмун эълон кардааст 

аиси шаҳри Душанбе барои ҳуқуқшиносон, рӯзноманигорон, иқтисодшиносҳо, табибон, муҳандисон ва мутахассисони бахшҳои дигар барои ишғоли беш аз 25 курсии холӣ дар ҳукумати пойтахт эълон кардааст. 

Тибқи иттилои шаҳрдорӣ, барои дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе беш аз 10 корманд зарур мебошанд, ки тариқи озмун қабул хоҳанд шуд.

Манбаъ барои довталабон мақоми мудири бахши технология ва коммуникатсияи дастгоҳи раиси шаҳр -  маоши мансабӣ1139,40 сомонӣ,  сармутахассиси Раёсати сохтмон ва хизматрасониҳои коммуналӣ – маош 1032 сомонӣ,  сармутахассиси Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳ – 2 ҷой бо маоши 1032 сомониро пешниҳод кардааст.

Инчунин шаҳрдорӣ сармутахассиси шуъбаи назорати дастгоҳи Раиси шаҳр – маош 1032 сомонӣ, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳ – маош 1032 сомонӣ, сармутахассиси бахши корҳои хоҷагии дастгоҳ -  маош 1032 сомонӣ, мутахассиси пешбари Раёсати сохтмон ва хизматрасониҳои коммуналӣ -  маош 846 сомонӣ, мутахассиси пешбари Раёсати иқтисод, молия ва ояндабинии дастгоҳ - маоши мансабӣ 846 сомонӣ, мутахассиси пешбари шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳ – маоши мансабӣ 846 сомонӣ ва мутахассиси пешбари шуъбаи нақлиёти дастгоҳи раис бо маоши 846 сомониро ҷустуҷӯ дорад.

Дар сохтори мақомоти иҷроияи Душанбе ба довталабон мақоми муовини сардори Раёсати рушди иқтисод - маоши мансабӣ 1696 сомонӣ, муовини сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ  - 1696 сомонӣ,  муовини сардори Раёсати кор бо занон ва оила – маош 1696 сомонӣ, муовини сардори Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроия -  маоши мансабӣ 1696 сомонӣ, сармутахассиси Раёсати рушди иқтисод ва савдо -  маош 1032 сомонӣ, сармутахассиси Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо маоши 1032 сомониро пешниҳод намудааст.

Инчунин довталабони мақоми сармутахассиси Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Душанбе - 1032 сомонӣ,  сармутахассиси шуъбаи рушди сайёҳӣ - 1032 сомонӣ, сармутахассиси Раёсати тандурустӣ -  маош 1032 сомонӣ, мутахассиси пешбари Раёсати рушди иқтисод ва савдо – 2 ҷой бо маоши  846 сомонӣ, мутахассиси пешбари Раёсати тандурустии – маоши мансабӣ 846, мутахассиси Раёсати рушди иқтисод ва савдо бо маоши 696  сомонӣ, мутахассиси Раёсати кор бо занон ва оила -  696 сомонӣ ва мутахассиси Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе бо маоши 696 сомонӣ метавонанд ҳуҷҷатҳоро пешниҳод кунанд.

Барои иттилои бештар довталабон метавонанд бо эълон дар сомонаи ҳукумати Душанбе шинос шаванд.

Шаҳрдорӣ таъкид кардааст, ки ҳуҷҷатҳои довталабон бояд давоми 21 рӯз баъди нашри эълони мазкур дар шакли хаттӣ ё электронӣ ба суроғаҳои шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ-80, индекс - 734023, телефон, факс - 221-35-68, почтаи электронӣ - dushanbe80@yahoo.com ироа шаванд.



Read more: https://sputnik-tj.com/Tajikistan/20190729/1029517655/Ozmuni-Rustami-Emomali-baroi-ishgoli-besh-az-25-kursii-kholi-eloni-maosh-va-talabot.html

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон