Қарори Рустами Эмомалӣ барои муайянсозии беҳтарин кӯчаю маҳалла ва додани ҷоизапулӣ

Қарори Рустами Эмомалӣ барои муайянсозии беҳтарин кӯчаю маҳалла ва додани ҷоизапулӣ

 Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе барои гузарондани озмунҳои шаҳрии “Маҳаллаи беҳтарин”-у “Кӯчаи беҳтарин” дар соли равон ва ду соли оянда қарор имзо кардааст Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, Рустами Эмомалӣ дастур додааст, ки озмунҳо барои муайян намудани беҳтарин маҳалла ва кӯча бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳамасола дар арафаи таҷлили Истиқлолият ҷамъбаст карда шавад.

“Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи ноҳия баргузор намудани ҳамин гуна озмунҳо ва то 20 августи ҳамасола ҷамъбаст намудани натиҷаҳои он тадбирҳои зарурӣ андешанд”, - омадааст дар қарор.

Комиссияи шаҳрӣ муваззаф шудааст, ки озмунро то 1 сентябри ҳар сол ҷамъбаст намояд.

Рустами Эмомалӣ аз ҳисоби буҷа барои барандагони озмун то 12 ҳазор сомонӣ ҷоиза муқаррар кардааст.

Раиси Душанбе ба сарраёсати молияи шаҳр дастур додааст, ки барои мукофотонидани ғолибони озмунҳои шаҳрии “Маҳаллаи беҳтарин” - 12 000 сомонӣ, барои ҷойи якум 6 000, ҷойи дуюм- 4 000 ва ҷойи сеюм 2 000 сомонӣ ва “Кӯчаи беҳтарин” -12 000 сомонӣ - барои ҷойи якум - 6 000, ҷойи дуюм- 4 000 ва ҷойи сеюм 2 000 сомонӣ дар соли 2019 ҷудо намуда, дар солҳои 2020 ва 2021 маблағҳои заруриро таъмин намояд. 

Муовини раиси шаҳри Душанбе барои ба таври тантанавӣ ба ғолибони озмунҳо супоридани мукофоти пулӣ ва дипломи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе муваззаф гардидаанд.



Read more: https://sputnik-tj.com/Tajikistan/20190628/1029281447/Qarori-Rustami-Emomali-baroi-muayyansozii-behtarin-kuchayu-mahalla-va-dodani-joizapuli.html

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон