Эмомалӣ Раҳмон қонун дар бораи симкортҳо ва дороии мансабдоронро имзо кард

Эмомалӣ Раҳмон қонун дар бораи симкортҳо ва дороии мансабдоронро имзо кард

 Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз якчанд қонунҳоро ба имзо расонид, ки аз масъалаи чарогоҳ то дороии мансабдоронро фаро мегиранд Котиботи раисиҷумҳур дар феҳрасти қонунҳои имзошуда – “Дар бораи ҳунармандӣ”, “Дар бораи чарогоҳ” ва тағйирот ба  кодексҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, гумрук ва андозро ном бурдааст.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид кардааст, ки тағйиру иловаҳо ба кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо мақсади пешгирии ғайриқонунӣ пайваст кардани симкортҳо ба шабакаи алоқаи барқӣ ва бо истифода аз онҳо содир кардани ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву террористидошта равона гардида, барои содир кардани чунин кирдорҳо ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятиро муқаррар кардааст.

Манбаъ афзуд, ки бар асоси тағйиру иловаҳо ба кодексҳои андоз ва гумруки Тоҷикистон, кормандони мақомоти номбурда минбаъд дар бораи доромад ва вазъи молумулкии худ ба мақомоти дахлдор бояд эъломия пешниҳод намоянд.

Котиботи раисиҷумҳур илова намуд, ки қонуни Тоҷикистон “Дар бораи чарогоҳ” дар таҳрири нав тартиби ба истифода додани чарогоҳ, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои истифодабарандагони он, назорати истифодаи дуруст ва босамари чарогоҳ, инчунин дигар масъалаҳои чарогоҳро ба таври пурра ба танзим медарорад.

“Қонунҳои ба имзорасида ба ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини амнияти давлату ҷамъият, татбиқи дурусти сиёсати пуливу қарзӣ, дастгирии давлатии соҳибкорӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва беҳдошти зиндагии мардум равона шудаанд”, - таъкид кардааст дафтари матбуоти раисиҷумҳур.

Манбаъ афзуд, ки матни пурраи қонунҳои баимзорасида дар матбуоти расмии кишвар интишор карда мешавад.



Read more: https://sputnik-tj.com/Tajikistan/20190620/1029203337/Emomali-Rahmon-qonun-dar-borai-simkortho-va-doroii-mansabdoronro-imzo-kard.html

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон