Тағйироти кадрӣ дар соҳаи нақлиёт: бо пешниҳоди Ёдгор Файзов таъйин шуданд

Тағйироти кадрӣ дар соҳаи нақлиёт: бо пешниҳоди Ёдгор Файзов таъйин шуданд

 Роҳбарони нав таъиншуда бо пешниҳоди раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон Ёдгор Файзов ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин гардиданд Дар соҳаи нақлиёти ВМКБ тағйироти кадрӣ амалӣ шуд, хабар медиҳад сухангӯи раиси вилоят, Ғолиб Ниятбеков.

Ба иттилои манбаъ, бо ширкати муовини якуми раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон Алишер Мирзонаботов дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон роҳбарони нав таъиншуда дар соҳаи нақлиёт муаррифӣ гардиданд.

Имомбердиев Хушруз ба вазифаи роҳбари Корхонаи Воҳиди Давлатии Маркази сертификатсия, кор ва хизматрасонӣ дар соҳаи нақлиёт дар вилоят таъин гардид. 

Шукурбеков Мунаввар ба вазифаи Сардори Раёсати хадамоти давлатӣ назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт таъин гардид.



Read more: https://sputnik-tj.com/transport/20190618/1029184565/Tagyirot-kadri-dar-VMKB-bo-peshnihod-Yodgor-Fayzov-tayin-shudand.html

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон