Қарори Рустам Эмомалӣ: баргузории фестивали ҷумҳуриявӣ бо харҷи 68 000 сомонӣ дар Душанбе

Қарори Рустам Эмомалӣ: баргузории фестивали ҷумҳуриявӣ бо харҷи 68 000 сомонӣ дар Душанбе

 Дар пойтахт ҷашнвораи ҷумҳуриявии наврасон бо номи "Мо насли хушбахти замон" баргузор мешавад

Раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ дар бораи баргузории фестивали ҷумҳуриявӣ дар Душанбе қарори нав имзо кардааст.

Тавре дафтари матбуоти шаҳрдорӣ хабар медиҳад, ҷашнвора барои наврасон ташкил шуда, таҳти унвони "Мо насли хушбахти замон" мегузарад ва мақсад аз он тарбияи насли наврас дар рӯҳияи инсондӯстиву ватандорӣ гуфта мешавад.

"Фестивали  ҷумҳуриявии наврасон  таҳти унвони  "Мо  насли  хушбахти  замон" дар шаҳри Душанбе баргузор карда шавад.  Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва баргузории Фестивали  ҷумҳуриявии  наврасон таҳти унвони  "Мо  насли  хушбахти  замон" ва ҳисобномаи хароҷотии он тибқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шаванд", - омадааст дар бандҳои як ва дуи қарори Рустам Эмомалӣ.

Раиси шаҳр чанде аз масъулин, муовинону роҳбари дасгоҳи шаҳрро ба иҷрои саривақтии нақшаи фестивал ӯҳдадор кардааст.

Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе барои баргузории ин ҷашнвора 68 ҳазору панҷоҳ сомонӣ ҷудо хоҳад кард.

Пештар дар пойтахти Тоҷикистон бори аввал Фестивали фарҳангии донишҷӯёни хориҷӣ баргузор гардида буд.

Дар он донишҷӯёне, ки аз Афғонистон, Чин, Ҷопон, Узбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ҳиндустон, Туркманистон, Русия, Туркия ба Тоҷикистон омада, таҳсил доранд, иштирок карданд.



Read more: https://sputnik-tj.com/Tajikistan/20190524/1028985195/Rustam-Emomali-qaror-festival.html

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон