Сарони кишварҳои ИМА, Русия ва Чин Эмомалӣ Раҳмонро табрик карданд

Ба муносибати ҷашни Истиқлолият ба унвони Сарвари давлат аз номи сарони кишварҳои хориҷӣ ва роҳбарони созмонҳои байнулмилалӣ номаҳои шодбошӣ ворид гардиданд.

Дар робита ба фарорасии ҷашни 26-умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон ба унвонии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳои хориҷӣ ва ҳукуматҳо, роҳбарони созмонҳои байналхалқию минтақавӣ, раисони созмонҳои молиявию ҷамъиятӣ номаҳои шодбошӣ ворид гардиданд.


Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, аз ҷумла дар паёми табрикотии президенти Русия гуфта мешавад: “Муносибатҳои Россия ва Тоҷикистон дар рӯҳияи иттифоқӣ ва шарикии стратегӣ бомуваффақият рушд мекунанд. Муколамаи созандаи сиёсӣ ва ҳамкории судманд дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, илму техника, гуманитарӣ ва дигар соҳаҳо ба роҳ монда шудааст. Москва ва Душанбе дар ҳалли масоили мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ ҳамкории самаранок доранд. Итминон дорам, ки мо бо талошҳои муштарак тақвияти минбаъдаи тамоми маҷмӯи робитаҳои шарикии миёни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамоем. Ин комилан ҷавобгӯи манфиати мардумони дӯсти мо аст ва дар маҷрои таҳкими амният ва субот дар Осиёи Марказӣ ҷараён дорад”.


Си Ҷинпин, раисҷумҳури Чин дар паёми табрикотии худ қайд мекунад: “Дар давоми 26 соли аз рӯзи истиқлолият таҳти роҳбарии хирадмандонаи Шумо дар Тоҷикистон суботи сиёсӣ ва рушди босуръати иқтисодӣ ба назар мерасад, сатҳи зиндагии мардум ба таври назаррас беҳтар мешавад, нуфуз дар корҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баръало боло меравад. Ҷониби Чин аз ин самимона хушҳол аст. Мо бо Шумо музокироти судманд анҷом додем, якҷоя ба сатҳи шарикии стратегии ҳамаҷониба баровардани муносибатҳои дуҷонибаамонро эълон доштем ва доир ба тақвияти ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои гуногун созишномаҳои муҳим ба имзо расонидем. Ман ба рушди муносибатҳои Чин ва Тоҷикистон аҳамияти бузург медиҳам ва омодаам, ки якҷоя бо Шумо талошҳои муштаракро, ки ба таҳкими дастгирии муттақобилаи кишварҳоямон ва ба тавсеаи ҳамкорӣ дар сохтмони «Як камарбанд ва як роҳ» ба манфиати кишварҳо ва мардумонамон равонаанд, ба роҳ монам”.


Дар барқияи презденти ИМА Доналд Трамп зикр шудааст: “Иёлоти Муттаҳида яке аз аввалин давлатҳое буд, ки Истиқлолияти Тоҷикистонро соли 1991 эътироф намуд, ва мо Истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва якпорчагии қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро собитқадамона дастгирӣ менамоем. Дар арафаи 26-умин ҷашнвораи Истиқлолияти давлатӣ, мо интизори шарикии бардавом ва ҳамкории судманд мебошем, ки ба манфиати ҳар ду давлат ва минтақа равона шудааст. Ман беҳтарин таманниёти худро ба мардуми Тоҷикистон дар ин рӯз изҳор менамоям”.

Президенти Федералии Ҷумҳурии Федеративии Германия Франк-Валтер Штайнмайе дар номаи шодбошии худ изҳор мекунад, ки “Пас аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, Ҷумҳурии Федеративии Олмон бо таваҷҷуҳи зиёд рушди кишвари Шуморо мушоҳида мекунад ва чун шарики муҳим ҳамроҳи менамояд. Тайи 25 соли истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни кишварҳои мо ҳамкории мо дар соҳаҳои мухталиф боэътимод густариш ёфтааст. Ман ниҳоят хушҳолам аз вохӯрии мо дар шаҳри Душанбе соли гузошта. Бо истифода аз ин фурсат, изҳори итминон менамоям, ки минбаъд низ кишвари Шуморо дар раванди рушди демократия, бозории иқтисодиёт ва волоияти қонун дастгирӣ мекунем. Ба Шумо сиҳатмандиву комёбиҳои навин ва ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳ ва саодату пешрафти таманно дорам».


Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар паёми табрикотии худ қайд кардааст, ки “дар давраи кӯтоҳи таърихӣ Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Шумо дар ҳамаи соҳаҳо ба муваффақиятҳои назаррас ноил шуд. Азнавсозии сохтор ва ислоҳоти иқтисодӣ муваффақона анҷом дода шуда, нуфузи давлат дар арсаи байналмилалӣ муттасил таҳким меёбад. Бо қаноатмандии амиқ мехостам рушди мунтазами мушоҳидашавандаи робитаҳои дуҷониба ва тақвияти алоқаҳоро миёни кишварҳоямон дар сатҳҳои гуногун, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, нақлиёту алоқа ва фарҳангу гуманитарӣ махсус зикр намоям”.


Шавкат Мирзиёев таъкид доштааст, ки “мо дар Ӯзбекистон ба таҳким ва тақвияти муколамаи эътимоднок ва созанда доир ба кулли рӯзномаи ҳамгироӣ азми қавӣ дорем ва омодаем, ки якҷоя иқтидори мавҷуда ва тамоми имконоти ҳамкории бисёрҷанбаро амалӣ намоем”.

“Итминони комил дорам, ки муносибатҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон, ки бар принсипҳои устувори анъанавии ҳамҷавории нек ва назардошти манфиатҳои тарафайн асос ёфтаанд, минбаъд низ мунтазам ва босубот ба манфиати мардумони ду кишвар таҳким меёбанд”, - омадааст дар паёми президенти Ӯзбекистон.


Ба унвони Сарвари давлати Тоҷикистон ҳамчунин аз номи Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Ходими Ҳарамайни Шарифайн Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд, Подшоҳи Шоҳигарии Шветсия Карл XIV Густаф, Императори Ҷопон Акихито, Президенти Федералии Ҷумҳурии Австрия Александр Ван Дер Беллен, Президенти Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир Абдулазиз Бутафлиқа ва дигарон паёмҳои табрикотӣ ворид шуданд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон