Раисҷумҳур ба духтари кӯҳкани суғдӣ чӣ ҳадя кард?

Дар акс раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба духтари кулоҳпӯш дастагул ва бастаеро бо чеҳраи хандон медиҳад

 

Бознашр аз — Sputnik, Фарида Бобоҷонова. Имрӯз кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар барномаҳои ҷашни 25-умин солгарди Иҷлосияи Шурои Олӣ ба вилояти Суғд сафар кард, гузориш дода дафтари матбуотии раисҷумҳур.

 

Дар ин сафар раҳбари Тоҷикистон бархе аз бунгоҳҳои тозабунёдро ба баҳрабардорӣ расонд. Аз ҷумла, раисҷумҳур дар шаҳри Истиқлол корхонаи металлургии Ширкати саноъеи маъдани Тоҷикистону Чинро ба кор андохт.

 

"Пас аз ифтитоҳи корхона дар ҳамин ҷо Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони корхона ва роҳбарону фаъолони шаҳр мулоқот кард", — омадааст дар хабари маркази матбуотӣ.

 

Чуноне ки аз гузориши тасвирӣ аз ин мулоқот дида мешавад, бархе аз кормандони ин корхона дар назди кишвардори Тоҷикистон суханронӣ кардаанд.

Дар яке аз аксҳои мунташиркардаи маркази матбуотӣ дида мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон бо чеҳраи хандон ба духтари кулоҳпӯше, ки эҳтимол меравад, корманди корхонаи металлургӣ бошад,  дастагул ва бастаеро тақдим мекунад.

 

Ҳарчанд кӯшиш кардем, ки аз матни гузориши дафтари матбуотӣ ва ахбори телевизионҳои тоҷикӣ дар бораи ин ҳадяи раисҷумҳур ба духтари суғдӣ донистание пайдо кунем, аммо ҳама кӯшишҳо бе натиҷа монданд.

 

Аз Хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон низ иттилоъе дар ин бора дастрас нашуд. Масъулини шаҳри Истиқлол низ ҷузъиёте дар ин бора надоданд ва гуфтанд "мо ба ингуна саволҳо ҷавоб дода наметовонем".

 

Ростӣ намефаҳмам барои чӣ дар гузориш қайд нашудааст, ки ин духтари хушбахт кӣ буд ва ҳадя чӣ буд. Аммо ба ҳар ҳол, гирифтани ҳадя аз шахси аввали кишвар ба як коргардухтар хушоянд аст. Агар дар ин бора расонаҳо ҳам сухан кунанд, ин духтари тоҷик дубора дилаш ба кораш гарм мешаваду дасту остин барзада беҳтар кор мекунад. Ба ҳар ҳол суолам бе посух мондааст. Раисҷумҳур ба духтари кӯҳкани суғдӣ чӣ ҳадя кард?

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон