Эмомалӣ Раҳмон покистониҳоро табрик намуд

Бино ба гузориши расонаҳои Покистон, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон мардуми Покистонро ба муносибати 140-умин зодрӯзи Муҳаммад Иқбол табрик гуфтааст.

 

Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ, ки дар Тоҷикистон ҳам маъруф аст, 9-уми ноябри соли 1877 ба дунё омадааст ва яке аз маъруфтарин файласуфон, шоирон ва мутаффакирони шарқ ба ҳисоб меравад. Шералӣ Ҷононаев, сафири Тоҷикистон дар Исломобод ба хабаргузориҳои Покистон гуфтааст, ки дар Тоҷикистон ашъори аллома Иқболро дӯст медоранд ва ба ӯ эҳтиром мегузоранд.

Бознашр аз сомонаи tajikistantimes.tj

назари худро нависед
это все будет к месту

-------

windows 7 активатор скачать беслпатно
оплата продвижения сайта раскрутка сайта
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон