расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Ҳабибураҳмони Пидром: форси забони болиғи 20 миллион форсизабони бумӣ дар Афғонистон аст.

. / Ҷаҳон

Ҳабибураҳмони Пидром: форси забони болиғи 20 миллион форсизабони бумӣ дар Афғонистон аст.


Сурат: af.shafaqna.com
Хориҷӣ хондани забони форсӣ дар Афғонистон аз сӯйи Эҳсоияи марказии ин кишвар (Кумитаи омор) ҷанҷолбарангез шуд. Аз ҷумла, вакилони порлумони ин кишвар дар ҷаласаи порлумон бо хитоб ба дастандаркорони ин тақаллуб гуфтаанд, ки "ин орзуро ба гӯр хоҳед бурд" ва ин "забонест, ки бидуни он наметавонед аз бозор ду кило качолу (картошка) бихаред".
Аз ҷумла вокуниши намояндаи мардуми Ҳирот дар Маҷлиси намояндагони Афғонистон Ҳабибураҳмон Пидром ду-се рӯз аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва саҳфоти маҷозӣ дасти ба даст мегардад.
Ҳабибураҳмони Пидром дар ин вокуниши худ, ки видеои онро бархе расонаҳои ин кишвар нашр кардаанд, мегӯяд, ки аз даҳҳо қарни гузашта то ба 100 соли пеш танҳо забони расмӣ, идорӣ ва илму адаби ин сарзамин форсӣ буд. 
"Ниятҳои бад ва зиддият бо форсиро ҳаргиз бар наметобем. Имрӯз дар ҳоле, ки болиғ бар 20 миллион форсизабони бумӣ дар ин сарзамин зиндагӣ мекунад, бархе аз мутаассибону кӯрдилони ҳукуматӣ густохиро ба ҳадде расонидаанд, ки забони ин 20 миллион нафарро хориҷӣ мехонанд".
Ин вакил дар хитоб бо ин гуна ашхос мегӯяд, ки "аз чӣ чизе ҳарос доред, чаро аз забони мо метарсед? Агар хоби ҳазфи забони форсиро дар каллаҳои хоми хеш мепарваронед, ин орзуро ба гӯр хоҳед бурд".
Пидром бо ёдоварӣ аз сухани нависандаи курд Мӯсо Ҳантар мегӯяд: "Агар забони модарии ман бунёдҳои ҳукумати туро ба ларза дар меоварад, эҳтимолан ин ба он маъност, ки ҳукумати хешро бар забони ман, хоки ман бунёд кардаӣ".
Идомаи эътирози пурсарусадои ин вакилро дар ин видео бибинед:

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.