расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » 18 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ АЗИЗОВ БАРОИ ТАҶОВУЗ БА НОМУСИ ДУХТАРИ 13-СОЛАИ АМАКБАЧААШ

. / Ҳаводис

18 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ АЗИЗОВ БАРОИ ТАҶОВУЗ БА НОМУСИ ДУХТАРИ 13-СОЛАИ АМАКБАЧААШ

Додгоҳи олии Тоҷикистон Олимбой Азизов, як сокини ноҳияи Шаҳринавро бо ҷурми таҷовуз ба номуси духтари ноболиғи 13-сола ба 18 соли зиндони низомаш сангин маҳкум кард. Маркази матбуотии додситонии кул гуфт, Азизов аввалҳои моҳи январи соли 2019 ба хонаи писарамакаш дар ҷамоати А.Ҳасанови ноҳияи Шаҳринав омада, аз набудани аъзои оила истифода бурда, духтари писарамакаш ноболиғ А.Ш., с.т. 2005-ро таҷовуз кардааст. Ӯ бори дуюм 23 январи соли 2019 ба номуси А.Ш. таҷовуз карда, дар ҳарду маврид ноболиғро тарсондааст, ки агар ба касе гӯяд, ӯро ба қатл мерасонад.
Таҷовус ба номуси духтари ноболиғ
Азизов Олимбой Тухтаевич аввалҳои моҳи январи соли 2019 ба манзили истиқоматии писарамакаш Азизов А., воқеъ дар суроғаи ноҳияи Шаҳринав, Ҷамоати деҳоти А.Ҳасанов ворид гашта, аз набудани аъзои оила истифода бурда, ба духтари писарамакаш ноболиғ А.Ш., санаи таваллудаш 6 октябри соли 2005 ҳуҷум карда, дидаю дониста, ки номбурда баръало ноболиғ буда, ҳанӯз ба синни чордаҳ нарасидааст ва дар ҳолати оҷизӣ қарор дорад, дохили ҳуҷраи хоб дароварда, ба тариқи маҷбурӣ алоқаи ҷинсӣ намуда, нафси шаҳвонии худро қонеъ кардааст.
Баъди алоқаи ҷинсӣ Азизов О.Т. ноболиғ А.Ш.-ро тахдид кардааст, ки агар оидба ҳодисаи рухдода ба касе гӯяд, ӯро ба қатл мерасонад.
Инчунин, Азизов О.Т. ин амалҳои ҷинояткоронаи худро идома дода, такроран 23 январи 2019 бо ҳамин мақсад ба манзили истиқоматии мазкур даромада, аз набудани волидони ноболиғ А.Ш. истифода бурда, дар пешдолони манзили истиқоматӣ такроран тариқи маҷбурӣ бо А.Ш. алоқаи ҷинсӣ карда, нафси шаҳвониашро қонеъ намудааст. Баъд аз ин ҳолат ҳам ӯ ноболиғ А.Ш.-ро тахдид намудааст, ки ба касе хабар надиҳад.
Прокуратураи ноҳияи Шаҳринав нисбати Азизов О.Т. бо моддаҳои 138 кисми 3 «а» ва 120 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, баъди анҷоми он барои баррасӣ ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намудааст.
Бо ҳукми Суд Азизов О.Т. бо моддаҳои 138 қисми 3 банди «а» ва 120 КҶ Ҷумҳурии гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам намудани ҷазоҳо ҷазои ниҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мухдати 18 сол бо адомнамудани ҷазо дар колониям ислоҳии дорои низоми сахт таъйин карда шуд.
 
Маркази матбуоти
Прокуратураи генералӣ
 


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.