Сафари Эмомали Раҳмон ба Сочи

 

 

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 10-уми октябр барои иштирок дар ҷаласаҳои сарони давлатҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Сочии Русия меравад.Ф

 

Тибқи иттилои Юрий Ушаков, ёрдамчии президенти Русия дар доираи ин ҳамоиш мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар назар аст.

Сарони Тоҷикистон ва Русия давоми соли ҷорӣ ду дидор 27 феврал дар Душанбе ва 5 сентябр дар доираи нишасти БРИКС дар Сямэни Чин анҷом доданд.

Ин дар ҳолест, ки Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон эълон кардааст, ки аз сафар ба Сочӣ худдорӣ мекунад. Отамбоев гуфтааст, дар рӯзи интихоботи президентӣ дар Қирғизистон, ки 15-уми октябр дар назар аст, ки эҳтимоли эҷоди ноамнӣ аз сӯи бархе сиёсатмадорҳо ва хадамоти хориҷӣ ҷой дорад ва ӯ дар Бишкек мемонад, то шахсан амниятро таъмин кун

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон