САВОЛҲОЕ КИ ВИДЕОИ САФАРИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ВУҶУД ОВАРД

Гузориши муфассали 10-дақиқагӣ дар барномаи "Ахбор”-и телевизиони давлатии Тоҷикистон дар бораи сафари кории президент ба ноҳияи Хуросон дар пасманзари сарусадоҳо дар бораи вазъи саломатии ӯ ба бархе саволҳо ҷавоб дод, вале баҳсҳои наверо ба вуҷуд овардааст.

 

Шоми 1 октябр дар барномаи "Ахбор”-и телевизиони давлатӣ гузориши муфассали видеоӣ дар бораи сафари кории президент Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Хуросон ва боздидаш аз боғи "Пешвои миллат” дар хоҷагии деҳқонии "Асадулло” нашр шуд.

Ин гузориш дар ҳоле нашр шуд, ки чанд рӯз боз сарусадоҳои зиёде дар бораи вазъи саломатии президент мечархид ва се рӯзи охир аз барномаи "Ахбор” ғайб задани гузоришҳои қаблан ҳатмӣ дар бораи Эмомалӣ Раҳмон ба оташи ҳадсу гумонҳо дар бораи ӯ равғани бештар мерехт.

Зоҳиран ҳадаф аз инъикоси сафари кории президент ба ноҳияи Хуросон бо нашри аксҳо дар сомонаи расмиаш ва ин гузориши муфассал дар барномаи "Ахбор” аз байн бурдани ҳамин сарусадоҳо буд.

Аксҳои нашршуда дар сомонаи президент ва инак, гузориши видеоӣ дар барномаи "Ахбор” сарусадоҳо дар бораи дар бистари маризӣ будани Эмомалӣ Раҳмон ва гӯё ҳатто барои муолиҷа ба хориҷ бурда шудани президенти Тоҷикистонро рад мекунад. Аммо дар айни замон суолҳои наверо ба вуҷуд оварда, баҳсҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи воқеияти вазъи саломатии президент дигарбора гарм кардааст.

Аммо ин гузориши 10-дақиқагӣ асосан бо наворҳо аз бойгонӣ пур карда шуда, дар он худи ҷараёни боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз боғи "Пешвои миллат” ҳамагӣ чанд сония мунъакис шудааст. Эмомалӣ Раҳмон танҳо дар як лаҳзаи навор ҳарф мезанад ва он ҳам ҳангоми чидани себ аз дарахт мегӯяд: "Инро вақти чинданашон шудааст. Ҳолати чиндан.” Дигар гузориш асосан бо наворҳои кӯҳна аз бойгонӣ пур карда шудааст, ки аз дигар сафарҳои президент аст.

Ин дар зеҳни бисёриҳое ки барномаи "Ахбор”-ро тамошо карданд, саволе эҷод кардааст, ки агар ҳадаф рафъи овозаҳо дар бораи саломатии президент буд, пас чаро гузоришро бо истифода аз сабтҳои имрӯза таҳия накарданд?

Суоли дигар марбут ба ҳадафи сафари кории президент ба ноҳияи Хуросон буд, ки гуфта мешуд, ӯ ""бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон ва рафти корҳои саҳроӣ”” ба ин минтақаи вилояти Хатлон рафтааст. Аммо агар ҳадаф ошноӣ бо вазъи мардум буд, пас чаро Эмомалӣ Раҳмон дар Хуросон бо мардум мулоқот накард? – мепурсанд корбарон.

Дар ҳар сурат, хабаре дар бораи бо мардум мулоқот кардани президент дар Хуросон нашр нашудааст ва дар аксҳои нашршуда дар сомонаи президент ва дар гузориши барномаи "Ахбор” низ ӯ дар иҳотаи наберагонаш ва чанд саркалони хоҷагии "Асадулло” дида мешаваду халос.

Ҳамчунин ба фарқ аз сафарҳои дигари раисиҷумҳур, ки бо тайёрии хос ва пешвозгириҳои пурдабдаба оғозу анҷом мешуд, ин навбат дар гузориши барномаи "Ахбор” ягон лаҳзае аз чигуна пешвоз гирифтани Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Хуросон нест.

Корбарон ҳамчунин ба либосҳо таваҷҷӯҳ нишон додаанд ва менависанд, Эмомалӣ Раҳмон дар сафари рӯзи 1 октябраш ба ноҳияи Хуросон дар тан ҳамон костюму ҳамон курта ва шимеро дошт, ки рӯзи 28 август ҳангоми сафари кориаш ба минтақаи Канаски дараи Ромит пӯшида буд. (ДАР АКСИ АВВАЛ)

Ҳамин тавр, корбарон аҳамият додаанд, ки нафаре ки президентро дар хоҷагии "Асадулло” ҳамроҳӣ мекард, дар як акс бо куртаи хокистарранг, вале дар аксҳои дигар алакай бо куртаи сафед ва шими дигар намудор мешавад.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Нуктаи дигари баҳсбарангез худи сафари президент маҳз ба ноҳияи Хуросон аст. Эмомалӣ Раҳмон тоза рӯзи 9 август ба ноҳияи Хуросон сафар карда ва бо мардуми он мулоқот карда буд. Он сафар бо моҷарое дар ёдҳо монд, ки баъди рафтани президент мудири бахши занони ноҳия Зиёда Саломоваро барои кӯтоҳӣ дар ҳунарнамоии ансамбли доиранавозон дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон аз кор гирифтанд. Ин қазия сарусадои зиёдеро дар матбуоти маҳалливу байналмилалӣ ба по кард ва Эмомалӣ Раҳмон ба таври бесобиқа худаш ба он қазия вокуниш нишон дода, ба раиси ноҳияи Хуросон Раҳматулло Сафарзода танбеҳ дод ва Зиёда Саломоваро дар мақомаш барқарор кард.

 

Ва инак, дар фосилаи камтар аз ду моҳ ба ҳамон як ноҳияи Хуросон ва он ҳам бо ҳадафи "ошноӣ бо вазъи зиндагии мардум” бори дуюм сафар сафар кардани президент низ саволҳои дигареро халқ кардааст. Суоле бармехезад ки дар ҳоле ки бархе ноҳияҳо солҳо мунтазири сафари президент мебошанд ва моҳҳо барои пешвози Эмомалӣ Раҳмон омодагӣ мегиранд, дар фосилаи камтар аз ду моҳ чӣ ҳодисаи фавқулоддае дар ин ноҳия рух дода, ки оқои Эмомалӣ Раҳмон дигарбора азми дидани Хуросонро кардааст? Ва он ҳам бе ягон тайёрӣ ва эълони пешакӣ?

 Хабари сафари кории раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Хуросон ва боздидаш аз боғи "Пешвои миллат” дар ҳоле нашр шуд, ки чанд рӯз боз дар шабакаҳои иҷтимоӣ сарусадоҳои зиёде дар бораи гӯё мариз шудани раисиҷумҳур баланд шудааст. Бино ба ин хабарҳо, гӯё вазъи саломатии Эмомалӣ Раҳмон шоми 27 сентябр бад шуда, ба манзилаш ҳатто "Ёрии таъҷилӣ”-ро даъват кардаанд. Бархе навиштанд, к (и Эмомалӣ Раҳмонро барои табобат гӯё ба хориҷа – ба Исроил ё Олмон – бурдаанд.

Се рӯз боз дар барномаи "Ахбор”-и телевизионҳои давлатӣ нашр нашудани ҳеҷ гузорише дар бораи Эмомалӣ Раҳмон ҳадсу гумонҳо дар бораи вазъи саломатии президентро бештар карда буд. Аммо акнун гузориши барномаи "Ахбор”, ҳарчанд овозаи асосиро то ҳадде аз байн бурд, вале дар айни замон саволҳои наверо ба вуҷуд оварда ва баҳсҳоро дар атрофи воқеияти ҳоли раисиҷумҳур дигарбора гарм кардааст.

 

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон