ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР РАҲБАРИИ КУМИТАИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26 сентябр Акрам Амоновро ба сабаби ба нафақа баромадан ва Сӯҳроб Паноев ва Фарҳод Воҳидовро ба сабаби ба кори дигар гузаштан аз мақоми муовинони раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ озод кард. Ба ҷои онҳо Зубайдулло Алихонов, Нусратулло Мирзоев ва Алишер Мирзонаботов муовини раиси Кумитаи амният таъйин шуданд.

 

Рӯзи 26 сентябр се муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти милили Тоҷикистон тарки вазифа карданд. Бо қарорҳои ҳукумати Тоҷикистон Акрам Амонов ба сабаби ба нафақа баромаданаш, Сӯҳроб Паноев ва Фарҳод Воҳидов ба сабаби ба кори дигар гузаштанашон аз мақоми муовинони раиси Кумитаи амният озод карда шуданд.

Ҳамзамон бо қарорҳои ҳукумат Зубайдулло Алихонов, Нуусратулло Мирзоев ва Алишер Мирзонаботов ба ҷои ин се нафар муовинони нави раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таъйин шуданд.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон танҳо бо зикри ин тағйироти кадрӣ иктифо карда, сабаби ин тағйирот дар раҳбарии Кумитаи амниятро шарҳ надодааст. Ва ин ҳам маълум нест, ки Сӯҳроб Паноев ва Фарҳод Воҳидов ба кадом кори дигар гузаштаанд.

Аммо дафтари матбуоти президент мегӯяд, "тағйироти кадрӣ ҳамчунин дар раёсатҳо ва воҳидҳои сохтории Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе амалӣ гардид.”

Ҳамин тавр, рӯзи 26 сентябр Ҷумъахон Ғиёсов аз мақоми муовини якуми раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, ба ин мақом Амирбек Бегназаров Амирбек таъйин шудааст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон