ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ: БАРКАНОРИИ СЕ СУДЯ ВА ТАЪЙИНИ САФИРИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲА

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 25 сентябр Сафармо Имомзодаро аз мақоми раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе, Мамлакат Очилзодаро аз мақоми судяи суди вилояти Суғд ва Азим Машрабзодаро аз мақоми муовини раиси суди иқтисодии вилояти Хатлон озод кард. Идибек Қаландар бо фармони президент намояндаи доимии Тоҷикистон дар САҲА таъйин шуд.

 

Дар фармони раисиҷумҳури Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи озод намудани судяҳо” сабаби аз вазифаи раиси додгоҳи пойтахт гирифтани Сафармо Абдухолиқ Имомзода ва Мамлакат Очилзода аз вазифаи судяи суди вилояти Суғд "бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан” ном бурда шудааст. Аммо дар мавриди Азим Карим Машрабзода гуфта мешавад, ки ӯ "бо хоҳиши худаш” аз вазифаи муовини раиси суди иқтисодии вилояти Хатлон озод карда мешавад.

Идибек Қаландар, ки моҳи август ба ҷои Исматулло Насриддинов, писари раҳбари собиқи котиботи президент Ҳикматулло Насриддинов сафири Тоҷикистон дар Австрия таъйин шуда буд, акнун ҳамзамон бо фармони президент вазифаи Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Европа ва созмонҳои дигари байналмилалӣ (Вена, Австрия)-ро низ бар ӯҳда мегирад. Идибек Қаландар то омаданаш ба Вена раҳбарии Департаменти созмонҳои байналмилалиро дар вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба дӯш дошт.

Аз Тоҷикистон дар САҲА ҳамеша сафираш дар Вена намояндагӣ мекард, вале таъйиноти Идибек Қаландар ба ин симат дар пасманзари танишҳо дар равобити байни ин созмони байналмилалӣ ва ҳукумати Тоҷикистон сурат мегирад.

Дар пайи дар анҷумани солонаи ҳуқуқи башари САҲА дар Варшава ширкат кардан ва дар ҳошияи ин анҷуман як нишасти эътирозӣ бо талаби раҳоии маҳбусони сиёсӣ ва қатъи таъқиботи сиёсӣ дар Тоҷикистон доир кардани мухолифини тоҷик мақоми намояндагии САҲА дар Тоҷикистон то ба сатҳи Дафтари барномаҳо пойин оварда шуд ва 5 дафтари саҳроии ин созмон комилан баста шуд.

Дар арафаи анҷумани имсолаи САҲА хабаргузории давлатии "Ховар” ба ин созмон ҳушдор дод, ки агар аз ҳаводиси соли гузашта сабақ нагирад ва боз ҳам ба мухолифини ҳукумат минбар бидиҳад, намояндагиашро дар Тоҷикистон метавонанд комилан банданд.

Ҳайъати расмии Тоҷикистон дар анҷумани имсолаи ҳуқуқи башари САҲА дар Варшава аслан ширкат накард, ки як аломати дигари сардии муносибати Душанбе ба ин созмон талаққӣ мешавад.

Вале бо вуҷуди ҳушдори "Ховар”, намояндагони мухолифин имсол ҳам дар анҷумани САҲА дар Варшава ҳузури густарда доштанд ва дар рӯзи аввали ин анҷуман боз як намоиши эътирозӣ бо ҳамон талабҳои раҳоии маҳбусони сиёсӣ ва қатъи таъқиби дигарандешон ва наздикони онҳо доир карданд.

Вокунишҳо дар Душанбе ба анҷумани имсолаи Варшава хеле оромтар буд ва ин хушбиниҳоеро ба вуҷуд овардааст, ки шояд ҳукумати Тоҷикистон ба комилан бастани дафтари САҲА иқдом накунад.

Дар ҳар сурат, акнун ба Идибек Қаландар ба унвони намояндаи нави Тоҷикистон дар САҲА лозим меояд, ки якҷо бо ин созмон роҳҳои бурунрафт аз буҳрони пешомада дар муносибатҳоро пайдо кунанд.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон