Тағйироти кадрӣ: Аз барканории раиси Додгоҳи иқтисодии Душанбе то...

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як фармон Сафармо Имомзодаро аз вазифаи раиси Суди иқтисодии шаҳри Душанбе озод кардааст. 

Дар фармони Президент, ки дирӯз, 25 сентябр имзо шудааст, далели барканории Имомзода “расидан ба сини ниҳоӣ дар вазифаи судя” гуфта шудааст. Бо ҳамин далел раисҷумҳур, Мамлакат Очилзодаро аз мақоми судяи суди вилояти Суғд озод кардааст. 

Дафтари матбуоти Президент мегӯяд, раисҷумҳур ҳамчунин Машрабзода Азим Каримро бо хоҳиши худ аз вазифаи муовини раиси суди иқтисодии вилояти Хатлон озод кардааст. 

Манбаъ афзуд, раисиҷумҳур сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Австрия Қаландар Идибекро ҳамзамон намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва созмонҳои дигари байналмилалӣ (Вена, Австрия) таъин кардааст.

 

Манбаъ аз Озодагон.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон