Эмомалӣ Раҳмон сулҳу суботи пойдор дар Афғонистонро омили калидии таъмини суботу амният дар ҳавзаи Осиёи Марказию Ҷанубӣ номиданд


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк аз вазъи низомиву сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии  Афғонистони ҳамҷавор изҳори нигаронии ҷиддӣ карда, иброз намуданд, ки он моро бетафовут гузошта наметавонад. Чунки имрӯз комилан возеҳ аст, ки сулҳу суботи пойдор дар Афғонистон омили калидии таъмини суботу амният дар ҳавзаи Осиёи Марказию Ҷанубӣ ва дигар минтақаҳои ҳамсоя ба шумор меравад.

Бинобар ин, Сарвари давлат ҳамоҳангсозии минбаъдаи талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва андешидани тадбирҳои муассирро ҷиҳати ҳалли фарогири қазияи Афғонистон хеле муҳим арзёбӣ намуда, омили муҳим дар ин ҷода, аз ҷумла, ҷалби Афғонистон ба раванди ҳамгироии минтақавӣ тавассути тақвияти муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо онро номиданд.

Вобаста ба ин Пешвои миллат аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват намуданд, ки ба Афғонистон дар эҳёи ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва рушди инфрасохтори нақлиётиву иртиботии он мусоидату кумакҳои ҳадафрас намояд.

«Тоҷикистон, ки бо Афғонистон наздики 1400 километр сарҳади умумӣ дорад, дар ин ҷода омода аст саҳми ҳамаҷонибаи худро гузорад»,- зикр намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон