Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи 5-умин Бозиҳои Осиё иштирок мекунад

Тоҷикистонро дар 5-умин Бозиҳои осиёӣ дар Ашқободи Туркманистон 173 варзишгар намояндагӣ мекунанд. 

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, дар ин сабқат, ки аз 17 то 27 сентябр баргузор мешавад, дар маҷмӯъ наздики 6000 варзишгар аз 62 давлати қораи Осиё ва Уқёнус иштирок хоҳанд кард. Ба иттилои манбаъ, ба барномаи бозиҳо 21 намуди варзиш шомил гаштааст:
баскетбол (3х3), гуштини камарбандӣ, билярд, боулинг, шоҳмот, рақси варзишӣ, аспсаворӣ, футзал, варзиши сабук (намудҳое, ки дар толор баргузор мешаванд), теннис,ҷиу-ҷитсу, кикбоксинг, кураш, муайтай, самбо, шиноварӣ, таеквондо, гуштини анъанавӣ, велосипедронӣ (трек), вазнбардорӣ, гуштини озод ва классикӣ, баскетбол , гуштини камарбандӣ, гуштини анъанавӣ, шоҳмот, варзиши сабук , ҷиу-ҷитсу, кикбоксинг кураш, муайтай, самбо, шиноварӣ, таеквондо, велосипедронӣ, вазнбардорӣ, гуштини озод ва юнонӣ-римӣ. 

Қарор аст, дар маросими ифтитоҳи 5-умин Бозиҳои Осиё Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ҳам иштирок кунад. 

4-умин Бозиҳои Осиё дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуда буд. Намояндаҳои Тоҷикистон дар панҷ намуди варзиш – гуштини кураш, кикбоксинг, муайтай, боулинг ва E-спорт (варзиши электронӣ) ҳунарнамоӣ ва соҳиби 4 медал (1 тилло, 2 нуқра, 1 биринҷӣ) гашта буданд.

Бознашр аз Озодагон.
назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон