Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлоси СММ иштирок мекунад

 Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон – ҳафтаи оянда дар иҷлоси 72-юми Маҷмаи кулл ё Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид иштирок ва суханронӣ хоҳад кард.


Манобеи ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 15-уми сентябр бо тасдиқи хабар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки оқои Раҳмон ба Ню – Йорк баъди иштирокаш дар ифтитоҳи Бозиҳои 5-ми осиёсӣ дар Туркманистон меравад. Бозиҳои осиёи рӯзи 17-уми сентбяр шурӯъ хоҳад шуд.


Тибқи барномаи сафар Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлоси СММ рӯзи 19-уми сентябр суханронӣ намуда, ҳамчунин, бо як идда меҳмонони иҷлос мулоқот хоҳад кард.


Зимнан, иҷлоси солонаи СММ дар Ню – Йорк рӯзи 12-уми сентябр шуруъ шуда, то 23-юми сентябр идома мекунад.

Манбаъ аз Озоди.
назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон