Нигаронии Президент аз нашъаҷаллобӣ дар Ш.Шоҳин ва коҳиши анорзорҳо

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон субҳи имрӯз, 13-уми сентябр аз ноҳияи Шамсиддини Шоҳин боздид карда, иншооти нав, аз ҷумла шоҳроҳи байналмилалии мошингарди Шӯрообод – Шоҳонро ба истифода дод. 

Раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни мулоқот бо сокинон иттилоъ дод, ки имрӯз корҳои таҷдиду азнавсозии қитъаҳои Кӯлоб – Шӯрообод ва Шкев – Қалъаихумбро оғоз мебахшад: “Кулли мардуми вилояти Хатлон ва ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ба муносибати босифат ба анҷом расидани бунёди шоҳроҳи замонавӣ ва оғоз гардидани азнавсозии боз ду қитъаи роҳи мошингарди Кӯлоб–Қалъаихумб – Хоруғ - Кулма самимона табрик мегӯям. Ҳамзамон бо ин, ба роҳбарияти Бонки исломии рушд, шахсан Президенти бонк - ҷаноби доктор Ҳаҷҷар, инчунин Фонди Саудии Рушд, Фонди Кувайтӣ, Фонди Созмони давлатҳои содиркунандаи нафт оид ба рушди байналмилалӣ ва Фонди Абу-Дабӣ, ки татбиқи лоиҳаи мазкур ва марҳалаи навбатии онро дастгириву сармоягузорӣ мекунанд, миннатдории Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистонро баён менамоям”.

Эмомалӣ Раҳмон афзудааст, ки барои анҷоми муваффақонаи лоиҳаи имрӯза 93 миллион доллари амрикоӣ ё 741 миллион сомонӣ сарф гардида, 40 километр роҳ ва 10 пул ба дарозии 1121 метр мавриди истифода қарор гирифт: “Мо бунёду азнавсозии қитъаҳои шоҳроҳи Кӯлоб – Қалъаихумб- Хоруғ-Кулмаро минбаъд низ идома медиҳем. Бо ин мақсад, тавре ки гуфтам чанд лаҳза баъд ба корҳои таҷдиди роҳ дар қитъаҳои Кӯлоб – Шӯрообод ва Шкев – Қалъаихумб ба масофаи 58 километр ва бо харҷи наздики 865 миллион сомонӣ ҳусни оғоз мебахшем”.

Раисиҷумҳур баробари зикри дастовардҳои ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар соҳаи кишоварзию саноат таъкид намудааст, ки “солҳои пеш анори хушлаззати мавзеи Анҷироб на танҳо дар ҳудуди кишвар, балки берун аз он машҳур буд ва ҳар сол аз ин мавзеъ садҳо тонна анори хушсифат барои фурӯш ба шаҳру ноҳияҳои кишвар интиқол дода мешуд. Вале, мутаассифона, айни замон майдони боғҳои анори ноҳия нисбат ба соли 1991- ум 240 гектар кам шудааст, ки чунин вазъ бо сабаби норасоии об ва риоя нагардидани агротехникаи боғдорӣ ба амал омадааст”.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон дар сурати насб кардани таҷҳизоти обрасонӣ дар масофаи то 10 километр аз дарёи Панҷ зиёда аз 240 гектар боғи анор бунёд гардида, иловатан 500 гектар заминҳои дигар обёрӣ карда мешаванд. Ӯ масъулинро муваззаф намудааст, ки доир ба ин масъала лоиҳаи сармоягузориро таҳия ва амалӣ намоянд.

Дар мавриди ҷинояткорӣ Президенти Тоҷикистон изҳор доштааст, ки дар давоми панҷуним соли охир дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 854 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 169 ҳолат вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад: “Дар ин давра 5 тоннаву 725 килограмм маводи мухаддир мусодира гардидааст, ки ба ҳисоби миёна 30 фоизи маводи ҳар сол дар кишвар мусодирашавандаро ташкил медиҳад. Чунин вазъ боиси ташвиши ҷиддӣ мебошад ва аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дигар сохторҳои дахлдор, падару модарон ва умуман ҳамаи сокинони ноҳия тақозо менамояд, ки ҳамкориро дар самти пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳои мухаддиротӣ ба таври қатъӣ пурзӯр намоянд”. 

Дар охир раисиҷумҳур таъкид намудааст, ки танҳо заҳмати аҳлонаву софдилонаи ҳар яки мо метавонад моро ба ҳадафҳои олиамон мушарраф гардонад ва изҳори боварӣ намудааст, ки “мардуми бонангу номуси ноҳия, бахусус, ҷавонони далеру ватандӯст чун ҳарвақта бо дастгирии сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат ва бо ифтихори баланди милливу хештаншиносӣ барои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва ободу зебо гардонидани ин гӯшаи Ватани азизамон аз имрӯза бештар талош меварзанд”.

Манбаъ аз Озодагон.
назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон