Баррасии Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 дар дидори Э.Раҳмон ва Ҳ.Ҳаҷҷар

Бознашр аз Озодагон. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 12 сентябр дар мулоқот бо Бандар Ҳамза Ҳаҷҷар, президенти Бонки исломии рушд аз тавсеаи ҳамкориҳо бо ин созмон изҳори қаноатмандӣ кардааст.

Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар мулоқот таъкид гардидааст, ки аз оғози ҳамкорӣ бо ин бонк маблағи зиёда аз 335 миллион доллари амрикоӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок равона гардидааст. Ба иттилои манбаъ, айни ҳол дар кишвар ба маблағи зиёда аз 173 миллион доллари амрикоӣ 7 лоиҳаи сармоягузорӣ дар самти маориф, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, энергетика, обёрӣ намудани заминҳо ва нақлиёт амалӣ шуда истодааст: “Соли ҷорӣ аз тарафи Бонки Исломии Рушд ду лоиҳаи дигар - сохтмони ду қитъаи роҳи автомобилгарди Кӯлоб - Қалъаихумб ва лоиҳаи беҳтар намудани хадамоти саломатии модар ва кӯдак ҷонибдорӣ гардид”.

Манбаъ меафзояд, ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030-ро, ки бо мақсади густариши рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишвар қабул гардидааст, баррасӣ кардаанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, дар мулоқот омодагии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ дар доираи барномаҳои Бонки исломии рушд, алалхусус, "Барномаи махсус барои Осиёи Миёна барои солҳои 2016-2020" ва "Фонди ҳаёт ва воситаҳои ҳаёт" таъкид шудааст.
назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон