Нигаронии ҷиддии Эмомалӣ Раҳмону Раҷаб Таййиб Эрдуғон аз афзоиши исломбадбинӣ дар Мянмар

Манбаъ аз Озодагон: Эмомалӣ Раҳмон ва Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раисҷумҳурони Тоҷикистону Туркия афзоиши исломбадбинӣ дар Мянмар ва ҳамлаҳои мусаллаҳонаи гуруҳҳои иртиҷоӣ дар Ракхайнро қотеъона маҳкум карданд. Дар ин бора дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар додааст. 

Ба иттилои манбаъ, дар суҳбати телефонии Раҳмону Эрдуғон, ки 7 сентябр сурат гирифтааст, ҷонибҳо “аз вазъе, ки нисбат ба ҷомеаи мусулмонон дар кишвари Мянмар ба амал омадааст, изҳори нигаронии ҷиддӣ намуданд”.

Манбаъ мегӯяд, ду раисҷумҳур ҷиҳати ҳалли одилонаи ҳама гуна низоъҳои этникӣ ва мазҳабӣ сирф бар асоси муколамаи мусолиҳатомез изҳори ақида намуда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал оварданд, то бо истифода аз воситаҳои муассир пеши роҳи чунин зуҳуроти хатарзо гирифта шавад.

Дар пайи ҳамлаҳои ваҳшиёнаи артиши Мянмар садҳо нафар, бо шумули занону кӯдакони мусалмон бераҳмона кушта шуда, ҳазорҳо тани дигар маҷбур ба тарки манзилҳояшон шудаанд. Қабилаи мусалмон дар Мянмар, ки асосан мардумаш бутпарастанд, шаҳрвандии ин кишварро надоранд ва пайваста озору шиканҷа мешаванд.
назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон