Э. Раҳмон ба дасти Сатторзода ба милисаҳо мукофотҳои давлатӣ фиристод

 

Дар маҷлисгоҳи ВКД ба муносибати 26-умин солгарди Истиқлол ҷаласа баргузор шудааст.


Манбаъ аз Sputnik. Ба ититлоъи равобити умумии ВКД ҶТ, дар он вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур, Абдуҷаббор Сатторзода, ҷавонони фаъоли гурӯҳи "Авангард" ва кормандони милитсия ширкат кардаанд.


Ба гузориши манбаъ, Абдуҷабор Саттторзода мутобиқи фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мукофотҳои давлатиро ба як қатор кормандони милитсия супоридааст.


Ҳамчунин бо фармони вазири ВКД Рамазон Раҳимзода  як қатор кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҳам бо мукофотҳои гуногун ва рутбаҳо қадрдонӣ шудаанд.


Рамазон Раҳимзода зимни суханронӣ мардуми Тоҷикистонро бо 26-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ муборакбод гуфтааст.

"Истиқлолият барои ҳар як давлату миллат, алалхусус мо тоҷикон аз беҳтарин дастовард, арзиши олии давлатдорӣ ва нангу номуси ватандорӣ, инчунин ифтихор аз таъриху тамаддун ва фарҳанги бою оламшумули аҷдодонамон ба ҳисоб рафта, шароит фароҳам овард, ки дар ин муддат дар тамоми соҳаҳои ҳаёт сиёсату иқтисодиёт, саноату энергетика, кишоварзӣ ва илму фарҳанг ба комёбиву муваффақиятҳои назаррас ноил гардем", — гуфтааст вазир.


Дар хотимаи ҷаласа ансамбли "Сипар"-и ва ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ дар назди ҳозирин ҳунарнамоӣ кардаанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон