Дар Тоҷикистон муаллими ҷавонеро бо дастури Эмомалӣ Раҳмон хонадор карданд

 

Ҳангоми сафари кории раисҷумҳури Тоҷикистон ба ноҳияи Бохтар муаллими 23-солае дар назди Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ кард. Раисҷумҳури аз вай пурсон шуд, ки оё хонадор шудааст? Дар ҷавоб муаллими ҷавон гуфта буд: на


Бознашр аз сомонаи Sputnik. Дируз дар яке аз тарабхонаҳои марказии шаҳри Қӯрғонтеппа тӯйи Саидшо ном муаллими яке аз мактабҳои ноҳияи Бохтар баргузор шуд.


Маҳз Саидшо ҳангоми сафари кории раисҷумҳури кишвар ба ноҳияи Бохтар дар назди Эмомалӣ Раҳмон баромад карда аз вай тӯҳфа ҳам гирифта буд. Раисҷумҳур аз муаллими ҷавон пурсон шуда буд, оиладор шудааст ё на. Дар посух, ҷавон гуфта буд, ҳанӯз на.


Имрӯз тӯйи Саидшо бо дастгирии Ҳукумати ноҳияи Бохтар баргузор шуд. Муаллими ҷовон ба духтаре, ки ҳамшираи шафқат шуда кор мекардааст, издивоҷ кард. Дар ин ҷашн раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш Аҳтам Абдуллозода ва раиси ноҳияи Бохтар Ҷаббори Ғаффор ҳузур доштанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон