Президенти Тоҷикистон: «Фаромӯш набояд кард, ки сулҳу суботи кишварамон ба осонӣ муяссар нашудааст»

 Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар мулоқот бо  роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон оид ба содир намудани ҷиноят, махсусан ҷиноятҳои вазнин ва коррупсионӣ сухан гуфтанд.

Пешвои милат зикр намуданд, ки дар шаш соли охир аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 109 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии дорои хусусияти коррупсионӣ, инчунин ҷиноятҳои вобаста ба андоз ошкор карда шудаанд, ки 19 ҳолати онҳо ҷиноятҳои вазнин мебошанд.

Инчунин иброз гардид, ки дар ноҳия вазъи татбиқи Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» низ хеле ташвишовар мебошад. Бинобар ин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, роҳбарони ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вазифадоранд, ки корҳои пешгирикунанда ва тарғиботиву фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ пурзӯр намуда, риояи ҳатмии Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», дигар қонунҳо ва умуман волоияти қонунро таъмин намоянд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки вазифаи роҳбарону фаъолони ноҳия, раисони ҷамоату маҳаллаҳо, кормандони соҳаи маориф, аҳли зиё, падару модарон ва шахсони таҷрибадор аз он иборат аст, ки минбаъд низ мардум, хусусан, наврасону ҷавононро ба таҳкими сулҳу субот, риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, корҳои созандагиву ободкорӣ ва сарфаю сариштакорӣ ҳидоят намуда, ба вусъати амалҳои неки инсонӣ, аз ҷумла дастгирии ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва тарбияи дурусти фарзандон эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

«Фаромӯш набояд кард, ки сулҳу суботи кишварамон ва ваҳдати миллие, ки имрӯз дар сарзамини мо торафт таҳкиму тақвият пайдо мекунад, ба осонӣ муяссар нашудааст. Баҳои сулҳу оромиро, махсусан сокинони ноҳияи Дӯстӣ хуб медонанд. Аз ин лиҳоз, мо вазифадорем, ки минбаъд низ бо эҳсоси баланди ватандориву ватансозӣ ва ваҳдату ҳамбастагӣ ба хотири пешрафти Ватанамон саъю кӯшиш кунем ва бовар дошта бошем, ки бо заҳмати созандаву содиқона ба рӯзҳои аз ин ҳам беҳтару осуда хоҳем расид»,-баён  намуданд Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон