ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ: БАРКАНОРИИ СЕ САФИРИ ТОҶИКИСТОН

Рӯзи 7 август бо фармонҳои раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон сафирони Тоҷикистон дар Австрия, Қатар ва Озарбойҷон иваз карда шуданд. Ҳамчунин бо қарори ҳукумат аз 7 август раиси саридораи Геологияи Тоҷик низ барканор карда шудааст.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 7 август бо фармонҳои худ се сафири Тоҷикистонро аз мақом барканор ва ба ҷои онҳо нафарони навро таъйин кард.

Аз ҷумла бо фармони президент Исматулло Насриддинов, писари раҳбари собиқи котиботи президент Ҳикматулло Насриддинов аз мақоми сафири Тоҷикистон дар Австрия, Италия, Словакия ва Маҷористон ва ҳамзамон аз мақоми Намояндаи доимии Тоҷикистон дар САҲА "бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш” озод карда шудааст. Ҳамзамон бо як фармони дигар Идибек Қаландарзода сафири Тоҷикистон дар Австрия таъйин шудааст.

Ҳамин тавр, Ардашер Қодирӣ аз мақоми сафири Тоҷикистон дар Қатар "ба сабаби ба кор дигар гузаштанаш” озод карда шуда, ба ин мақом Хисрав Соҳиб Соҳибзода таъйин шудааст.

Ҳамчунин Зоҳир Озодович Саидов низ "бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш” аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон ва Гурҷистон озод карда шуда, Рустам Солӣ – собиқ сафири Тоҷикистон дар Брюссел сафир дар Озарбойҷон таъйин шудааст.

Рӯзи 7 август бо қарорҳои ҳукумат ҳамчунин Мурод Хол Ҷумъазода аз мақоми сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуда, ба ҷои вай Заробиддин Қудрат Файзуллозодаро ба ин мақом таъйин кардаанд. Сабаби барканории Ҷумъазода низ "ба кори дигар гузаштанаш” гуфта мешавад.

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Насрединов И.Ҳ.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Насрединов Исматулло Ҳикматуллоевич бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Европа ва созмонҳои дигари байналхалқӣ (Вена, Австрия), Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Италия, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Словакия, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷористон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
7 августи соли 2017
№908

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Сафири Фавқулодда ва Мухтори
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия
таъин намудани Қаландар Идибек

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Қаландар Идибек Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
7 августи соли 2017
№909

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва
Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар
озод намудани Қодирӣ А.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Қодирӣ Ардашер бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
7 августи соли 2017
№910

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Сафири Фавқулодда ва
Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати
Қатар таъин намудани Соҳибзода Х.С.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Соҳибзода Хисрав Соҳиб Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
7 августи соли 2017
№911

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва
Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар Гурҷистон озод намудани Саидов З.О.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Саидов Зоҳир Озодович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гурҷистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
7 августи соли 2017
№912

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Сафири Фавқулодда ва Мухтори
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
таъин намудани Солӣ Рустам

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Солӣ Рустам Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
7 августи соли 2017

ҲУКУМАТИҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 7 августи соли 2017 №371
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи Сардори Саридораи
геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Ҷумъазода М.Х.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ҷумъазода Мурод Хол бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


ҲУКУМАТИҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 7 августи соли 2017 №372
ш. Душанбе

Дар бораи Сардори Саридораи геологияи
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Файзуллозода З.Қ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Файзуллозода Заробиддин Қудрат Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон