расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » БОЗДОШТИ ДУ ЗАН БАРОИ ПАҲН КАРДАНИ ОВОЗАИ КӮДАКДУЗДӢ ДАР ПАЙИ МАРГИ ЯК КӮДАКИ 13-СОЛА ДАР ДУШАНБЕ

Асосӣ / Ҷомеа

БОЗДОШТИ ДУ ЗАН БАРОИ ПАҲН КАРДАНИ ОВОЗАИ КӮДАКДУЗДӢ ДАР ПАЙИ МАРГИ ЯК КӮДАКИ 13-СОЛА ДАР ДУШАНБЕ

БОЗДОШТИ ДУ ЗАН БАРОИ ПАҲН КАРДАНИ ОВОЗАИ КӮДАКДУЗДӢ ДАР ПАЙИ МАРГИ ЯК КӮДАКИ 13-СОЛА ДАР ДУШАНБЕ
Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 23 апрели соли 2024 бо нашри як гузориши вижа ба иттилои шаҳрвандон расонд, ки овозаҳо оид ба рабудани кӯдак ва гирифтани узвҳои ӯ, ки дар шабакаҳои интернетӣ нашр гардидаанд, асоси воқеӣ надоранд. Бино ба гузориши нашршуда, “зимни санҷиш муайян карда шуд, ки хабарҳои мазкур аз ҷониби шаҳрвандон Амонова Хатича Садриддиновна, санаи таваллудаш 15.02.1972 ва Боймадова Фарзона Боевна, санаи таваллудаш 07.04.1988, истиқоматкунандагони шаҳри Душанбе дар саҳифаи "Ватсап"-и гурӯҳи хешовандонашон ва волидайни хонандагони муассисаи таълимӣ паҳн намудаанд. Минбаъд хабари мазкур дар шабакаҳои иҷтимоӣ бознашр шуда, боиси хавотир гаштани шаҳрвандон ва ба вуҷуд омадани хабару овозаҳои беасос гардидааст”. 
Аммо дар бобати ҷасади кӯдаке, ки сабаби паҳн шудани ин овозаҳо гардид, милитсия иттилоъ дод, ки дар ҳақиқат, санаи 21-уми апрели соли ҷорӣ, аз назди партовгоҳи бинои истиқоматии кӯчаи Сино 41, ҷисми ноболиғи 13-сола-Ҳусайнов М.Ҷ. бе аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт гардид. 
“Дар натиҷаи тафтишоти пешакӣ ва санҷиши навори камераҳои назоратӣ муайян гардид, ки номбурда худро аз ошёнаи 16-уми бинои мазкур партофта, даст ба худкушӣ задааст”, - хабар додааст милитсияи пойтахти Тоҷикистон.
Тафсилоти дигари қазия нашр нашудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.