расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ТАШКИЛИ СИТОДИ ДОИМӢ ТАҲТИ РАҲБАРИИ БЕГ САБУР

Асосӣ / Ҷомеа

ТАШКИЛИ СИТОДИ ДОИМӢ ТАҲТИ РАҲБАРИИ БЕГ САБУР

Маркази матбуоти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 6 марти соли 2024 бо фармоиши сардори ин ниҳод Бег Сабур ситоди доимамалкунанда дар самти таъмини алоқаи мобилии бефосила дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус дар шаҳри Душанбе, таъсис дода шуд. Гуфта мешавад, ин ситод дар ҳайати Бег Сабур, сардори Хадамоти алоқа – сардори ситод, Аҳлиддин Муртазоев, директори КВД “Маркази мутобиқати электромагнитӣ ва радиомониторинг”- муовини сардори ситод ва Умедҷон Асоев, мудири кулли ҶСП “Вавилон-М”, Озодхон Давлатшоев, мудири кулли ҶСП “Индиго Тоҷикистон”, Махшулов Парвиз, мудири кулли ҶСП “Таком” Анатолий Изюмников ва мудири кулли ҶСП “ТТ-Мобайл”- аъзои ситод, таъсис ёфтааст.
Маркази матбуоти Хадамоти алоқа гуфт, “мақсади асосӣ аз таъсиси ситоди мазкур озод намудани сарбории фаъолияти шабакаҳои алоқаи мобилӣ буда, дар кӯтоҳтарин муҳлат дар қаламрави мамлакат, махсусан шаҳри Душанбе, тадбирҳои амалӣ андешида мешавад”.
Дар матни фармоиши Бег Сабур ҳамчунин гуфта шудааст, ки  “ҳайъати ситод ҳар ҳафта ҷаласа гузаронида, оид ба бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта чораандешӣ менамоянд”.
Ин ситод дар пасманзари шикоятҳои рӯзафзуни корбарон аз сифати алоқаи мобил ва сифату суръати Интернет дар Тоҷикистон таъсис ёфт. Корбарон мегӯянд, агар дар гузашта шикоятҳо асосан аз суръати мисли сангпушти Интернет буд, ҳоло ҳатто як занги оддӣ бо телефони мобил низ сахт мушкил шудааст ва алоқаи мобил гоҳо соатҳо қатъ мегардад.
Ба вазъи буҳронии соҳаи алоқаи мобили Тоҷикистон лимити барқ мушкилоти боз ҳам бештаре зам кардааст, чунки баробари қатъ шудани интиқоли барқ аксари антеннаҳои ширкатҳои мобил низ аз кор мемонанд ва то дигарбора пайдо шудани барқ мардум нафақат аз имкони дастрасӣ ба Интернет, балки аз имкони ҳатто бо телефон занг задан ҳам маҳрум мешаванд.
Бег Сабур (қаблан Зуҳуров Бег Сабурович) 1 октябри соли 1962 дар деҳаи Даҳана дар канори шаҳри Кӯлоб ба дунё омада, Донишкадаи омӯзгории Кӯлобро бо ихтисоси муаллими фанни физика хатм кардааст. Ӯ дар солҳои 90 дар шаҳри Маскав дар назди истгоҳи метрои “Юго-Западная” як дӯкони гӯштфурӯшӣ дошт. Дар аввалҳои солҳои 2000 Бег Сабурро аз Маскав оварда, раҳбарии соҳаи алоқаи Тоҷикистонро ба дасташ супориданд. Бег Сабур, ки дар ин байн Зарина, духтари шашуми президенти Тоҷикистонро барои писараш келин кард ва қудои Эмомалӣ Раҳмон шуд, аз соли 2023, инак 21 сол боз раҳбарии соҳаи алоқаи ҷумҳуриро дар даст дорад.
Як сол пеш Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонааш аз сатҳу сифати Интернет ва алоқаи мобил дар Тоҷикистон ба шиддат интиқод карда, ба Бег Сабур барои ислоҳи вазъ фурсат дода буд. Маълум нест, ки оё ба президент дар бораи иҷрои амру супоришҳояш чӣ ҳисобот доданд?, вале тақрибан ҳама мегӯянд, ки ҳам сифати алоқаи мобил ва ҳам сифату суръати Интернет дар Тоҷикистон дар як соли охир баракс хеле бадтар шудааст.
Коршиносон мегӯянд, соҳаи алоқаи мобил ва Интернет як соҳаи хеле нозук аст ва кайҳо вақти он расидааст, ки ин хирманро бояд ягон нафари мутахассиси ин соҳа ва аз донишҳову фанновариҳои муосир огоҳ бикӯбад, на муаллими физика ё қассоби дӯкони гӯштфурӯшӣ.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.