расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Бег Сабур барои таъмини алоқаи босифат Ситод ташкил кард ва худ роҳбари он шуд

. / Сиёсат

Бег Сабур барои таъмини алоқаи босифат Ситод ташкил кард ва худ роҳбари он шуд

Бег Сабур, сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо як фармони худ дар назди хадамот Ситоди доимӣ оид ба таъмини алоқаи мобилии бефосила дар Тоҷикистон, махсусан дар Душанбе таъсис додааст. Дар ин бора сомонаи хадамот хабар медиҳад.
Манбаъ менависад, мақсади таъсиси ситод “озод намудани сарбории фаъолияти шабакаҳои алоқаи мобилӣ” мебошад.
Ситодро худи Бег Сабур роҳбарӣ мекунад. Аҳлиддин Муртазоев, директори КВД “Маркази мутобиқати электромагнитӣ ва радиомониторинг” муовини сардор буда, роҳбарони ширкатҳои мобилии кишвар аъзои ситод мебошанд.
“...Ҳайати ситод ҳар ҳафта ҷаласа гузаронида, оид ба бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта чораандешӣ менамоянд”, - гуфта мешавад дар хабарномаи Хадамоти алоқа.
Ташкили ситоди алоҳида барои таъмини алоқаи босифат дар ҳолест, ки қариб ҳамарӯза сокинони гӯшаҳои гуногуни кишвар аз алоқаи мобилӣ шикоят мекунанд. Мақомот сабаби инро ба фарсуда ё сарбории таҷҳизоти мавҷрасон маънидод мекунанд.
Зимнан, дар гузашта баъди танқиди Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар робита ба сатҳу сифати интернет ва нархи он, Бег Сабур барои беҳтар кардани сифати интернет ва поин кардани нархи он комиссияи давлаӣ таъсис дода, чандин маротиба ҷаласаҳо ҳам гузаронида буд.
Зимнан, охири соли гузашта Хадамоти алоқа ба ширкатҳои Tcell ва Мегафон Тоҷикистон (ҶСП “ТТ Мобайл” ва ҶСП “Индиго Тоҷикистон”) расман иҷоза дод, ки ба кишвар хатти интернет ворид кунанд.
Вале тавре дида мешавад, интернет ва нархи он дар кишвар ба таври назаррас беҳтар нашудааст ва сокинони кишвар то ҳол аз ин мушкил шикоят доранд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.