расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Сӯхтор дар бозори “Баҳор”-и Бохтар

Асосӣ / Ҳаводис

Сӯхтор дар бозори “Баҳор”-и Бохтар

Субҳи имрӯз, 7-уми март, дар бозори қисмҳои эҳтиётии нақлиёт - “Баҳор” дар шаҳри Бохтар сӯхтор сар зад. Дар пайи ин ҳодиса 7 мағоза зарар дидааст.
Аз Раёсати Хадамоти оташнишонии вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки ба қисми навбатдорӣ соати 7:20 дақиқа доир ба сар задани сӯхтор хабар доданд.
“Сӯхтор бештар аз 200 метри мурабаъро фаро гирифта, 7 нуқтаи фурӯши қисмҳои эҳтиётии автомобил зарар дидаанд. Аммо сабаби сӯхтор то ҳол маълум нашудааст”, - гуфтанд аз ин раёсат.
Масъулини ин ниҳод гуфтанд, ба ҷойи ҳодиса 7 дастаи оташнишонӣ сафарбар шуда, тавонистанд аз паҳншавии он пешгирӣ кунанд.
“Наздики 2 000 метри мурабаъ ё беш аз 50 нуқтаи фурӯши қисмҳои эҳтиётии автомобил аз сӯхтор наҷот дода шуд”, - зикр карданд дар Раёсати Хадамоти оташнишонии вилояти Хатлон.
Айни замон сабаби сӯхтор ва зарари аз он расида аз ҷониби мақомоти дахлдор муайян карда мешавад.





Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.